Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ха, пул ёфтем, хона обод кардем, баъд чӣ?
– Баъд пул бақия монад, заминатонро васеъ мекунед, техника мебиёред, ва ҳосили коратон боз зиёдтар мешавад.
– Ха, боз зиёд шуд, баъд чӣ?
– Баъд қасру кӯшк месозед, чорбоғ месозед, маишати ойлатон хуб мешавад, либосу палоси нав мехаред.
– Ха, ҳамаашро кардем, баъд чӣ?
– Баъд серу пур кайф карда мегардед.
– Ман ҳоло ҳам кайф карда гаштем. Ҷонро ин қадар азоб додан чӣ даркор?!
Ва бонкир хиҷолат кашид, – мардакро ранҷондам, суханҳойи беҷо гуфтам; валекин шаб дер хоб кард, ва андешааш аз як мадори зиндагӣ ба мадори дигар мегашт, ва ба натиҷае расид, ки «Ҷабру ситамро дӯст медоранд ин мардум. Ба зӯрӣ кор фармойӣ, иҷро мекунанд. Аз худ дониста кор намекунанд».
Ва фаълаву муздури Осиёи Миёна, ихтиёриву маҷбурӣ, дар майдони пахта, каланд мезаданд, ва ширкатҳойи рус, нисбат ба заминдорони маҳаллӣ, музди бештар медоданд, ва ҳамин музди бештар, ки боиси ифтихори русия дар саҳифаҳойи матбуот ва дар муомилаҳойи сиёсиву байналхалқӣ буд, ба хӯрдан расад, ба пӯшидан намерасид ва ба пӯшиданӣ расад, ба хӯрданӣ намерасид, ва мардуме, ки бе замин ва бе чорво мондаанд, ва муздуроне, ки музди корашон ба рӯзгорашон кифоя намекард, ба таҳлука афтоданд, ва садойи эътирозҳо дар хонаҳо ва дар саҳроҳо баланд шуд; ва Исрофили роҳзан, ки ба сабаби роҳҳоро посбонӣ кардани аскари рус, дастааш майдони тохтутоз надошт, ҳамин норозиҳоро пушт гирифт, ва ҳангоми тақсими об дар сари наҳр, ба сардори уезд ва одамони ӯ ҳуҷум овард, ва панҷ нафарро кушт, ва ду нафар аспҳоро чорхез занонда гурехтанд. Ғоратгарони Исрофил балво бардоштанд, ки «Моро дар хонаи худамон рӯз намедиҳанд. Занед, кушед инҳоро!»; ва балвогарон белу каланд ва досу хода гирифта, ба хонаҳойи мансабдорон зада даромаданд, – тороҷ карданд, оташ заданд; ва дар рӯзи дуввум, ки баталиони казакҳо расида омад, худҳошон, камонҳо дар гардани аспҳо гурехтанд, ва казакҳо тир заданд ба сару синаи белу каланддорон, ва досу ходадорон…

пешина
аз 435
навбатӣ