Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ба фабрикҳо пахта даркор буд, ва ширкатҳо кишти пахтаро манбаи сарватғундорӣ медонистанд, ва замини алаф ва чарогоҳ ва даштҳойи беобро пахтазор мекарданд, ва харҷ зиёд мешуд, ва эҳтиёҷ ба пул меафзуд; ва бонкҳо кушоданд, ки қарз диҳад, ва бонкҳо шӯҳрат ёфтанд, ки ба амонат хиёнат намекунанд, ва маблағро на фақат бе хиёнат нигоҳ медоранд, балки моҳеву соле суд ҳам медиҳанд; ва дар Бухоро, бино бар шаръи шариф судхӯрӣ гуноҳи азим буд ва судхӯр фардо дар оташи дӯзах месӯхт, ва Амир шариатпаноҳ ном дошт, ва аввалин касе, ки ба бонкҳойи кофирон пул супорид, худи Амир буд. Вай бисту ҳафт миллион сум ба бонки давлати Русия ва ҳафт миллион сум ба бонкҳойи хусусӣ супорид, ва фориғ аз рухбозиву дуторзанӣ шавад, суди онро ҳисоб мекард, ва ҳар моҳ дар даруни муқоваи Қуръон менавишт, ки чанд сум фойда дидааст; ва қушбегӣ аз Амир ибрат гирифт, ва раис ба қушбегӣ тақлид кард, ва баҳсмабаҳс соҳибмансабони аморат ба бонкҳо пул гузарониданд.
Ва вазорати кишоварзии Русия кафил шуд, ки сармоядорон, мувофиқи иқтидорашон, ҳар вақт хоҳанд, қарз гирифта метавонанд, лекин фаълаву деҳқон чунин имкон надоранд, ва ба пахтакорӣ ҳавасманд нестанд, бонкҳо ба онҳо дар арафаи киштукор қарз бидиҳанд, ки дасту дилашон гарм бишавад ва ба кишти пахта шавқ пайдо бикунанд, – фақат ба умеди ширкатҳо шудан даркор нест, ҳар чӣ бештар одамон ба ин кор ҷалб шаванд, ҳамон қадар беҳтар! Ва соҳибони сармоя ба пуле, ки аз бонк қарз мегирифтанд, сеялкаву трактор мехариданд, ва замини киштро васеъ мекарданд, ва наҳрҳойи нав мебароварданд, ва зовуди пахтаву зовуди равған месохтанд, ва пулашон кор мекард ва бо гардиш пулашон пул меёфт ва ҳам қарзашонро меканданд, ва ҳам фойдаи соф мегирифтанд. Бесармояҳо қарз гиранд, ботадбирҳо ҷуфти гов мехариданд, ва бетадбирҳо дар охири сол худашон аниқ намедонистанд, ки он маблағ дар куҷо сарф шуд, ва қарзи бонкро баргардонида наметавонистанд, ва муфлис мешуданд.

пешина
аз 435
навбатӣ