ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар зиёфатҳойи пуртакаллуф, барои ифтихори панҷ–даҳрӯза. Дар сурҳойи пурдабдаба, барои худнамойӣ ва худситойии даргузар.
Ман гумон мекунам, ки то ба ин дараҷа хароб шудани ин кишвар аз чунин хислатҳойи бошандагонаш баромадааст.
– Барои ману шумо ҳамин хел буданаш беҳтар. Асло ёд нагиранд роҳи пулёбиро. Ёд нагиранд роҳи пул сарф карда, пул ёфтанро. Ёд гиранд, майдони мову шумо танг мешавад. Бозори мову шумо касод мешавад.
Ва ҳар ду ба завқ хандиданд.
Ва дар деҳаи Косон як сарватманди овозадор, ки Эшони Калон ном дошт, ва дер боз аз ҷогаҳ хеста наметавонист, худро сахт беҳол дид, ва писарашро ҷеғ зад, ва дар ҳузури муллое, ки чилёсин мехонд, ба вай васият кард:
– Андак пасандоз дорам. Агар аҷал амон надиҳад, ту бо ҳамон маблағ дар Мадинаи мунаввара як хона соз.
Писараш аз зумраи одамони рӯзномахон буд. Ҳар чӣ аз матбуоти давр дастрас шавад, мехонд; ва медид, ки сармоядорони русу немесу яҳудӣ пулашонро бекор намемонанд, – ба савдо мебароранд, замин мехаранд, корхона месозанд, гардиш медиҳанду фойда мегиранд, ва ба ин сабаб дар ҷомеа ва дар корҳойи давлат мақоме доранд, ва суханашонро дигарон гӯш мекунанд, ва таҳҷоиҳоро ғулом барин кор мефармоянд; ва андеша дошт, ки ҳамин корҳоро худамон ҳам карда метавонем; ва бо ҳамин андеша, сари хам хомӯш наистод, чунонки урфу одат буд:
– Он пасандози андаке, ки шумо мегӯед, сиву панҷ ҳазор сум аст. Ба ҳисоб гирем, ки дар бозор нархи як гов бисту панҷ сум, нархи як асп сӣ сум, ин маблағи андак– мундак нест. Биноан, ..
– Биноан ба ту васият кардам, …– шӯрид падараш.
Писар ба муллои ёсинхон нигарист, – ба маъное, ки «фаҳмонед ба ин кас!» Муллоро мижааш хам нахӯрд:
– Васият чуну чаро надорад. Иҷройи васият фарз ва суннат…
Ва писар маъюс шуд. Ва сар ба сари сина хам кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё