Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба Амир хабар фиристониданд. Вай дар Кармина буд.
Аз пойтахт, аз Бухоро, гурехта мегашт, – метарсид, ки ӯро ғофил мекушанд. Ин тарс шабу рӯз аз вуҷудаш берун намебаромад. Чил посбону ҷондор нишасту хез ва хӯрду хӯрок ва дарову барои ӯро муҳофизат мекарданд, вале тарсаш кам намешуд. Ва аҷузаҳойи далла ва мардони миёнарав занҳойи никоҳӣ ва беникоҳи ӯро назорат мекарданд, бо вуҷуди ин аз занҳояш метарсид, – ба ҳарам дарояд, ба зудӣ гашта мебаромад, ва шаб дар ҳарам хоб намерафт; ва ба болин сар монад, баръало медид, ки Кенагасхонум, духтари мири Шаҳрисабз, ба қасоси падар, ба гӯши Амири ғолиб симоб рехт, ва Амири ғолиб дигар сабру қарорро гум кард, – сарашро ба деворҳо мезад, ва болиштро бо дандонҳо мегазид… ва аз ин диданҳо метарсид, ва гурехта ба Кармина меомад, ва ба сафарҳои дурмадароз мерафт; ва аз Тифлис ба наздикӣ баргашта буд, ва алҳол ба сафари Петербург тайёрӣ медид, – чӣ барам? Чӣ биёрам?.. Ва ин сафар, ба мисли ҳама сафарҳое, ки амирони Бухоро ба пойтахти давлати рус кардаанд, нияту мақсади сиёсӣ ва марзӣ надошт. Ғолибан, барои тамошо додани аҳли авлод, ва садоқат нишон додан ба Императори Аъзам, ва тӯҳфаҳойи гаронбаҳо гирифтан буд. Ва аз Бухоро шоҳӣ, парча, асп, маймун ва паланг барин чизҳо дастовез мебурданд, ва азбаски роҳ дароз буду сафар се, севу ним моҳ давом мекард, маймунҳо ва палангҳо, аз гуруснагиву ташнагӣ, ва гармиву хунукӣ, дар роҳ мемурданд, ва хӯсаашон то манзил мерасид. Ва дар Петербург ба онҳо шоҳин, сукно, чиниворӣ, соат барин чизҳо ҳадия медоданд; ва Амир ният дошт, ки ин дафъа як-ду мил камони навбаромад, ва… нӯҳ аврат, аз ҳисоби асираҳо, аз Император бипурсад… Ва банд буд сари вай дар ташвиши сафар, ва бо зарда ба мулозим хитоб кард:

пешина
аз 435
навбатӣ