Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Гулмуродро ҳамчун саркардаи ин ҷиноят ба Самарқанд бурданд ва ҳабс карданд. Ҳабсхона аз гунаҳкорон лабрез шуда буд, ҷо намерасид, ва барои ҷой холӣ кардан қарор доданд, ки ҳафтод касро ҷониби Сибир фиристонанд, ва дар байни ин ҳафтод нафар Гулмурод ҳам буд; ва дар шаҳри Томск инҳоро тақсим карданд ба маҳалҳо, ва дар ҳамон вақт Гулмуроду Абдуқодир гурехтанд… Ва баъди се моҳ, дар охирҳойи тирамоҳ, дар дили шаб, ҳавлии қозии Даҳбед, эшони Невархон, ва идораи пристав даргирифт, ва алангаи оташ нисфи деҳаро, чун рӯз, равшан кард, ва одами арасоте ғун омад, ва як марди сару рӯяш саллапеч ба ҳозирон рӯ овард:
– Ҳар чизе, ки дар ин хонаҳо ва дар ин анборҳо ҳаст, моли шумост. Дароед, молатонро бигиред. Ҳаққи ҳалоли худатон аст.
Ва он марду ёронаш аспҳоро савор шуданду рафтанд; ва оташ, аз бом ба бом давида, аланга мезад; ва аҳли байту муридони Эшони Невархон бо доду фиғон, ёрӣ металабиданд; ва ғаниматгирон ҳар чӣ ба чашмашон расад ва ба дасташон афтад, мерабуданду мебурданд.
Ва рӯзона, ҳангоме ки аз Самарқанд казакони мусаллаҳ омаданд, Эшонро ба дасту по ва даҳони баста, дар боғ ёфтанд, ва идораи пристав кӯрдуд месӯхт, ва ҳавлии эшони қозӣ чордевори вайрона буд.
Ва ҳамон рӯз номи Гулмурод дар забонҳо афтод, – яке шефтайи ғайрату ҷуръаташ, дигаре дуъогӯ, ки қасди ҷабрдидагонро аз ҷабборон мегирад; яке дар орзуйи он ки дар тарафҳойи мо ҳам чунин мард пайдо шавад, дигаре дар тарсу ларз, ки ин бало ба сари мо ҳам набиёяд. Ва губернатор ӯро дузд эълон кард, ва супориш дод, ки кобанду ёбанду доранду ҷазояшро диҳанд. Ва фақат суди уезди Самарқанд, аз ҷиноятҳойи Гулмуроди дузд, сенздаҳ бор дафтар кушод, ва ду бор панҷсолӣ маҳкум кард, ва як бор ба бадарғаи якумра ҳукм баровард; ва се бор дар ҷанг мурд гӯён дар газетаҳо хабар навиштанд, вале тохтутози дастаи Гулмурод, имрӯз дар ин ҷо, фардо дар он ҷо, арзи вуҷуд мекард, ва волостное, арбобе, қозие, дорое, молу мулк ва ҷонашро барбод медод.

пешина
аз 435
навбатӣ