Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Гулмурод андак саводи омиёна дошт, – бино ба шаръи шариф ва қонуну қойдаҳое, ки урусҳо оварданд, равою нораворо фарқ карда метавонист, – ва бовар дошт, ки қозию пристав молу манол ва шаъну шараф ва ҷону тани раъияро ҳимоя мекунанд, ва инҳо ҳимоя накунанд, кӣ ҳимоя мекунад? Хилоф дар андешаҳойи вай, дар пояи муқойисаҳо пайдо гардид, – дар шиор қозиву пристав ҳомии халқ буданд. Вале дар рӯзгор, бо сад фиребу таҳдид, халқро хонавайрон мекарданд, ва Гулмурод аз кору рафтори онҳо дилмонда мешуд, ва бад медид онҳоро; ва аввали баҳор шаш кас ба қозихона омаданд, ки ҳама ҷандапӯш буданд, ва шикоят карданд:
– Амлокдор беинсофӣ мекунад. Заминро чен накарда, бо хоҳиш ва раводиди худ, як танобро се таноб ва се танобро панҷ таноб менависад. Мувофиқи ҳамин андоз мебарорад. Ин куҷоя гапаш?
Қозӣ ба одамонаш фармуд, ки:
– Ин раҳгумзадаҳоро аз дар берун кунед. Раванду муомилаашонро дар ҷояш бо амлокдор бикунанд.
Ва Гулмурод дар байн даромад:
– Тақсир, бечораҳо чораҷӯӣ омадаанд.
– Чораи онҳо дар дасти Худо. Ҳамин хел офаридаст, ҳамин хел мурда мераванд. Тақдирро дигар карда намешавад.
Ва ин ҷавоб ба Гулмурод нафорид. Вай хидмати қозиро партофту рафт, ва дар сари замин, ҳамроҳи он шаш нафар, аз амлокдор талаб карданд, ки заминро чен кунад, баъд андоз нависад, ва амлокдор аз асп нафаромад:
– Чашми ман худаш ченак. Ҳоҷати боз чен кардан нест!
Ва Гулмуроду он шаш нафар лаҷоми аспи амлокдорро доштанд, ва ӯро аз зини асп поён кашиданд ва ба замин хобонда, хуб кӯфтанд…

пешина
аз 435
навбатӣ