ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ба ин савол ҷавоб набуд, ва онҳо ин муаммои сарбастаро кушода натавонистанд, ва бечора монданд, ва оқибат ба қазову қадар ҳавола карданд, ки «худат офаридаӣ, худат ҳисобашро ёб!» Худатон медонед, ки аз оғози зулм то ба имрӯз на Қазо тағири ҳол кард ва на Қадар парвойи рӯзгори бади мову шумо дошт.
Ва имрӯз он кӯргиреҳро кушоданд. Марксизм кушод, – аз ҳар кашфиёти илмӣ мағзашро гирифт, аз баҳри пӯсташ гузашт, ва собит намуд, ки айб дар Қазову Қадар нест, айб дар худамон аст, ки мақоми Инсониамонро нашинохтаем ва қадри худро намедонем ва ҳаққи худро гирифта наметавонем. Ва муттаҳид нашудаем, ки ҷомеъае ба муроди диламон бисозем. Акнун он рӯз фаро расид, ва фаълаву деҳқон ҳаққашро шинохт, ва аз як гиребон сар баровард, ва дар шашяки рӯйи замин Инқилоб шуд, ва адолат ғолиб омад, ва гуфторҳо оқибат ба кирдор роҳ кушод, ва ин роҳро дар таърих бори аввал мову шумо, ҷабрдидагону ситамкашидагон, тай мекунем, ва дар амал ба чашми ҷаҳониён нишон медиҳем, ки коммунизм афсона нест, як амри воқеъ аст, ва инак намунааш, бубинеду ибрат бигиред!
Ва мубаллиғони коммунизм дар гаҳвораи инқилоб шаҳри Петербург ба ҳамин забон гап мезаданд, ва дар Москову Харков ва дар Тифлису Бодкӯба ва дар Қазону Тошканд, ба ҳамин забон ваъз мегуфтанд, ва тартиби куҳнаро маҳкум ва тартиби навро ҳоким мекарданд; ва ин ҳама суханҳои хушку холӣ набуд, – самар медод, аз лафз ба амал меомад ва заҳматкашон натиҷаҳояшро медиданд ва шаҳдашро мечашиданд, ва ба чашми ҷаҳониён нишон медоданд.
Нишон медоданд, ки Бибиҳалима, як бевазани серфарзанд, дар замони куҳна, ҳар шаб пеш аз хоб, лахчаи алови оташдонашро таги хокистар гӯр мекард, то ки субҳи дигар барораду пуф бикунаду боз алов даргиронад; ва агар лахча мурда бошад, сари субҳ хокистардон ба даст ба дари ҳамсояҳо мерафту як пора лахча металабид ва ба хона оварда алов дармегиронд; акнун ба шарофати ҳукумати шӯравӣ вай на ба лахчагӯркунӣ эҳтиёҷ дорад ва на ба талабидан аз дари ҳамсояҳо, – ҳоло хонааш пури гӯгирд ва гӯгирдро ҳукумат дар дӯкон мефурӯшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё