ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
7 Ҷосусон ва мубалиғони англис ҳашт сол зӯр заданд, ки ба муқобили таҷовузи Русия як иттиҳоди ҳарбӣ аз аморати Бухоро ва хонигариҳои Хева ва Қӯқанд созмон бидиҳанд; ва Туркия ба ин мақсад ёри Англия шуд, вале ин амиру хонҳо ба ифоқа наомаданд – ҳар кадоме дар сар хаёли яккаҳукмронӣ дошт; ва хони Қӯқанд даъвои баргардонидани хоки Оқмасҷид мекард; ва амири Бухоро сиёсати дурӯягиро пеш гирифт – гоҳ тарафи Англия меғелид ва гоҳе тарафи Русия; ва амири Афғонистон аз пуштибонии англисҳо фахрида даъвогар шуд, ки Амири Бухоро ба ҳокими Шаҳри Сабз мустақилият бидиҳад ва Ӯротеппаро ба хони Қӯқанд баргардонад ва қалъаҳои Керкӣ ва Чорҷӯро ба ихтиёри Афғонистон гузорад, ки дар ҷанг бо русҳо даркор мешавад; ва амири Бухоро рӯ ба Русия овард, ки ёрӣ расонад барои дафъи ин бало.
Ва дар Русия тадбир, тараддуд ва амалиёт сар шуд ва шамшери буррои рус ба кор даромад; ва аз ҷониби Аштархон ва баҳри Хазар, буридаву дӯхта, пеш омад ва аз он тараф ба Тошканд ва аз ин тараф ба Ашқобод расид; ва хони Қӯқанд, ки амири Бухороро душмани ҷон медонист – дар чаҳор сол ду бор аз тарафи амири Бухоро талаву тороҷ дида буд, – бо мулоҳизае, ки пеши раҳи ғосибони зӯртареро бигирад, рӯ ба амир овард:
– Ба ёрӣ биёед! Мадад расонед, кофирон хоки моро поймол накунанд.
Амир ҷавоби номуайяне дод:
– Мебинем!
Вале ба ёрӣ нарафт – вай дар дил хурсанд шуд, ки Русия хонро шикаст диҳад беҳтар аст–худаш ба вилоятҳои Қӯқанд меравад, ғанимати зиёде мегирад аз молу ҳол, аз тангаву тилло, аз канизу ғулом…
Ва аскари фотеҳи рус Тошкандро гирифт, Чирчиқро гирифт ва Хуҷанду Нову Ӯротеппаро забт кард, ва дар тобеъияти Русия мустамликае ба вуҷуд овард, ва кашвари Туркистон ном дод; ва ин ном дар ҳуҷҷатҳо сабт шуд ва ба харитаҳо даромад ва шӯҳрат ёфт, ки минбаъд зарари беандозае ба халқҳои дигар расонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё