Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз мо мусоидату мадад, ки заволашро тезонем.
Ва ситоди аз рӯи замин рӯфтани қадами коммунизм шаҳри Лондон шуд, ва барномарезону коргардонҳояш лордҳои англис. Ва усули куҳнаи дар қатормустамликаҳо санҷидаро истифода карданд, – ҷосусҳои касбӣ ва олимону тоҷирону сайёҳони мубаллиғ фиристониданд, ки пинҳон-пинҳон «муҳитро омӯзанд», такягоҳҳо ёбанд, байни мардум тафриқа андохта тавонанд ва маҳорати иғво кардану фитна барпо намудан доштанд. Ва аз чунин усул фойдаҳойи фаровон дида буданд англисҳо, – бо ҳамин усул дар Аврупову Осиёву Африқо бутун-бутун давлатҳоро тобеъ гардониданд ва мустамликаҳо сохтанд ва сарватҳои ҳангуфти пулу мол ғун оварданд ва хазинаҳойи лабрезашонро истифода мебурданд, ки бозори дахолаташон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам васеътар бишавад…
Ва дар Русия, ва заминҳойи тасарруф кардаи он, Ҳокимияти шӯройӣ ғояҳои коммунистиро зина ба зина аз хаёл ба амал меовард, ва аз саҳифаи китоб ба рӯйи замин мебаровард, – истисмори одам аз тарафи одамро қатъан манъ кард ва ба қатори корҳойи ҷиноятӣ даровард, меросӣ будани мансабҳову ашрофону сайидҳову эшону шайхҳову валиҳоро аз беху бун барҳам дод, ва замину об, заводу фабрик, кону бонкҳоро сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ эълон намуд, ки моли ину он шахс нест, моли ҳамаи мардум аст ва ба ҳама баробар тааллуқ дорад…
Ва дар шаҳри Хӯқанд шайхи Раҳимхон, дар ҳалқаи шарикон ва муридон, ки ғолибан заминҳои бисёри обӣ ва рамаҳои калони гӯсфанд ва галаҳои асп доштанд, ҳозиронро даъват кард:
– Ғоратгарӣ дар роҳи калону рӯзи равшан! Моли мӯъмин, хуни мӯъмин. Молатонро мебаранд, хунатонро мемаканд, ҳамту даст пеши бару сар хам мешинед?! Диёнат намондаст. Ба адлу инсоф қаҳтӣ омадааст. Хезед, молу хунатонро ҳимоя кунед! Досу каланд гиред, пуштибони адлу адолат шавед!
Ва бархестанд ва силоҳ гирифтанд, ва даҳонмардону хуниҳову дуздону хаёлиҳо бо онҳо пайвастанд, ва сипоҳи Сафеди мусулмон таъсис доданд.

пешина
аз 435
навбатӣ