Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳамроҳ гирифт, ки ба мадрасаи Бадалбек барад ва шаб ба бом бароянд, ва таҷаммӯъи ситораҳоро мушоҳида бикунанд, то бубинанд, ки «гардиши фалак чӣ пешомадҳоро нишон медиҳад»; ва дар остонаи тоқи мадраса толибилмон пеши роҳи Дӯстмуродро гирифтанд:
– Шумо фолбин, фол бубинед, ки ин хабарҳо ростанд, ё дурӯғ?
Дӯстмурод музтар монд.
– Устод фолбин нестанд, – пеш баромад Рӯзимурод.– Устод таъсири мутақобилаи ҷисмҳои кайҳонӣ ва заминиро таҳқиқ мекунанд. Ин фолбинӣ нест, илм аст.
Ва мутавалӣ аз ошёнаи дуввум дод зад:
– Илм нест, шайтонист. Ин аз забони аҷинаҳо гап мезанад. Бовар накунед, бидъат мешавад, бидъат!
Дӯстмурод қоматашро баланд гирифт:
– Бидъат худи ту!
Ва Дӯстмуроду Рӯзимурод, аз байни тӯдаи толибилмон гузашта, ба ҳуҷра даромданд, ва мутавалии мадраса ба ғазаб омад, ки як девона ӯро таҳқир мекунад, ва азбаски худаш ёрои қасосгирӣ надошт, метарсид, шариатро дастовез карда, шикоятро ба Қозикалон бурд:
– Шумо пушту паноҳи шариат. Вай бошад, дар пеши одами бисёре, бо овози баланд, Шуморо таҳқир кард, бехирад ва бефаросат, гуфт. Тоқат карда мегардед?
Ва Қозикалон ба ёд овард, ки одамонаш пеш аз ин ҳам чунин хабарҳо оварда буданд – Дӯстмурод ба як ҷабрдида гуфтааст, ки «Қозикалон ба қазоватҳои ғайри шаръӣ одат кардааст»; дар ҷои дигар таъна задааст, ки «вай худаш шаръи шарифро дуруст намедонад»; ва дар як мактубаш ба Қушбегӣ навиштааст, ки «Қозикалонатон дину диёнатро хариду фурӯш мекунад. Аз ин рӯ вай ҳомии шариат нест, балки ҷаллоби шариат аст». Дар ҳақиқат аз худ рафтааст ин муҳандис. Ба куфр ғӯтидааст. Шохашро шикастан даркор.
Адабашро додан даркор. Девонагиаш ба худаш, зарараш ба дину шариат мерасад. Ӯро аз Бухоро дафъ кардан лозим; ва бо ҳамин андешаҳо ба Амир арз кард:
– Амирам, Дӯстмуроди муҳандис девонаи безарар нест.

пешина
аз 435
навбатӣ