ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва баъди гуфтугузори бисёр маълум шуд, ки ҳукуматро гирифтан осон, саришта кардан душвор. Ҳамаи халқ баробар роҳбар шуда наметавонад. Роҳбарон, ки интихоб шуданд, собиқаи корӣ надоранд. Таҷрибаи роҳбарӣ надоранд. Дар раёсати ҳукумат одамони ботаҷриба даркор. Одамони таҷрибадор дар ҳабсхона. Бо онҳо муросо кардан лозим барин?
Ва муросо карданд, – қозӣ, муфтӣ, хазинадор, хонсолор ва охурсолорро аз ҳабсхона бароварданд ва дар ҷойи худашон монданд, ки «шумо ҳам аз байни ҳамин халқ баромадаед, хизмати ҳамин халқро кунед». Ва онҳо розӣ шуданд, – «супориш аз шумо, хизмат аз мо! Мо ҳамаамон бандаи Худо. Ва дар назди Худо ҳама бандагон баробару ба якдигар бародар. Иншооллоҳ, бо ҳидояти шумо барои баробарӣ ва бародарии халқ ҳар коре, ки фармоед, кӯтоҳие аз ҷониби мо намешавад!»
Ва ҳукумати халқ аввалин қарорҳояшро баровард:
- Андози аминона ва закотҳойи чаканаву шавореъ, аз имрӯз ба баъд бекор эълон шавад.
- Хироҷ дар як сол як бор, баъди ғундоштани ҳосил, бо ҳисобу китоби аниқ гирифта шавад.
- Касе ҳақ надорад, ки каси дигарро озор диҳад. Агар озор диҳад, ба ҷазо гирифтор мешавад.
Ва арбоб таъин карданд ба ҳар як деҳа аз ҷумлаи фаъолони шӯриш ва хоса шахсоне, ки дар ин рӯзҳо номи Маҳкамро бештар ба забон оварданд.
Ва баъди як ҳафтайи ҳукмронии ҳокимияти халқ, муфтӣ, хонсолор бо ҳамроҳии хазинадор ба қабули Раис рафтанд.
– Овозаи ғалабаи Шумо то ба Бухоро расидааст, – хабар дод Хонсолор. – Амир албатта, дар таҳлукаву ташвиш, вале фуқаро хурсанд, дар даҳони хурду калон номи шумову корзори шумо. Ҳама дар орзуе, ки шумо барин роҳбар ёбанду рӯйи озодиро бинанд. Аз ҷумла, деҳаҳойи даҳони дара, нӯҳ деҳа ҳамашон маслиҳат карданд, ки ба мо ҳамроҳ шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё