Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

барин суханҳо бисёр гуфтанд; ва аз ҳавлӣ бо таъзиму дастфишорӣ гусел карданд, ва панҷ дақиқа пас дар хамгашти тангкӯча се нафар – хонсолору дастёронаш якбора ба сари Адҳам ҳуҷум оварданд ва пахш карданд ва ба сараш бо санг кӯфтанд, ва ба гулӯяш хафадавак андохтанд; ва ба қалъа омада Бек ва шариконашро аз ҳабсхона бароварданд; ва Раҷаб аз ҳодиса воқиф гардиду гурехт, ва шӯрои халқӣ баъди ҳукмдории понздаҳрӯза, ҳамон шаб барҳам хӯрд.
Ва фардо ин хабар ба Маҳкам расид. Маҳкам дар ҳисори бекнишин аз пайи тафтиш буд, ки ихтиёриён дар куҷоянд, ва агар нестанд, ин гапи дурӯғ аз куҷо пайдо шудааст ва ғаразашон чӣ будааст?
Ва ҳамон шаб Маҳкам бо ёронаш дар масҷиди Шоназар хоб карданд, ва рӯзи дигар умедвор шуданд, ки одамони бообрӯи деҳаҳои ин дара имрӯз меоянд, ва арзи вуҷуд кардани ҳокимияти шӯройи халқро муборакбод мегӯянд, ва аҳд мекунанду бо онҳо ҳамроҳ мешаванд, ва ин шӯриш оҳиста секин сар то сари аморати Бухороро фаро мегирад, ва халқ аз ситамгарон халос мешавад ва ба муроду мақсади чандинасрааш мерасад. Вале вақт мегузашт ва аз омадани касе дарак набуд. Ва Маҳкам аз пайи тафтиш шуд, ки ихтиёриёну хоҳишмандон барои чӣ наомаданд ва ин гап аз куҷо пайдо шуд, ва рост буд, ё дурӯғ, ва ғаразашон чӣ будааст?
Ва ин гап аз куҷо пайдо шуду ғаразаш чӣ буд, қарибиҳойи нисфи рӯз маълум гардид, – аз Қалъа саворе расид, ки «қозиву муфтӣ макру ғадр карданд, Адҳамро номардона куштанд, бек аз нав ҳокимиятро гирифт; ва Маҳкам бо дувоздаҳ ёраш таъҷилан ба роҳ баромаданд бо умеде, ки халқ тарафдори онҳост, халқ онҳоро дӯст медорад; ва маҳзи расидан ба Қалъа сафу ҷамъ меоянд ва бекро сарнагун мекунанд, ва ин дафъа бо ҳабс қонеъ намешаванд, хунашро мерезанд,» ва …
Ва ин дафъа халқ тӯда шуда ба ёриаш нарасид ва беку қозиву тарафдоронашон зӯр баромаданду Маҳкам ва дувоздаҳ ёрашро нӯги тир карданд.

пешина
аз 435
навбатӣ