ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва сари соҳибонамонро бурида ба Бағдод фиристодаем, то ки халифа шод шавад ва аз мо розӣ бошад, ва ба мо мансаб бидиҳад, ҳокимият бидиҳад, ва мо боҷу хироҷро ғундорему ба хазинаи ӯ биспорем, ва қасрнишину фармонраво бошем; ва китобҳоямонро сӯхтанду хатамонро барҳам заданд ва худамонро габр ном доданд; ва мо дар мактабҳо китоби бегонаро хондем, ва хати бегонаро қабул кардем, ва худамон шеъру достонҳо навиштем, ки гузаштагони мо габр буданд. Ва шикасти ирода аз ҳамон вақт сар шудааст, ва хислат ба тағйир рӯ овардааст, вагарна собиқан хислати дигаре доштаем, – ҳифзи Ватанро волотар аз ҳифзи Бадан медонистаем, – ва баъдтар, баъди тохтутоз ва асорату ғорати муғул, ин ғайрату ҳиммат чаппа шудааст, – ҳифзи Баданро аз ҳифзи Ватан беҳтар донистаем; ва ҳатто шиори ба шариъат ороста ба гардани мардум бор кардаем, ки «Худо аспу шамшерро ба турк ва қаламу қоғазро ба тоҷик додаст», ва модом ки Худо додаст, банда чорае надорад, бояд ки тан ба тақдир бидиҳад, ва бечунучаро итоат бикунад.
Ва Қаро Ботур соле як бор, ду бор, дар мавсими ҳосилғундорӣ, ба асп савору шамшер бадаст, ҳуҷум меовард ба киштзорҳо ва шаҳри обод ва талаву тороҷ мекард ҳар чизе, ки ёбад, ва мебурд ба саҳро, ба хаймааш, ва хӯрдаву нӯшидаву пӯшида мегашт. Ва Аҳмад паҳлавон, ки ғорат шудааст, дар хонаи холӣ, дар равшании чароғи милмилак сари хонтахта нишаста, ҳасрати пулу молашро мехӯрд ва қаламу қоғаз мегирифт ва менавишт, ки «хости Худо чунин будааст, – худаш доду худаш гирифт».
Ва Қаро Ботур аз сол ба сол далертар мешуд ва дилпуртар мешуд, ки зӯру ғолиб ҳаст, ва ба зӯру ғолиб ҳама кор равост; ва раво донист, ки пас аз ғорат нагурезад, – ҷоеро, ки ғорат кард, дар ҳамон ҷо биистад; ва чарогоҳи Аҳмад Полвонро зада гирифту мулки худ кард – чодар зад. Ва Аҳмад Полвон бе чарогоҳ монд, ва бе рамаву бе гала шуд, ва тақдирам ҳамин будаст, гуфту ба шаҳр кӯчид, ки «як ҳунарамро Худо гирифта бошад, даҳ ҳунари дигар дорам»…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё