Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лашкаре, ки инҳо ғун овардаанд, ба ҳайҷо нарасида, титу пош мешавад. Шумо чӣ умеде доред аз инҳо?
– Ба инҳо коре надорам, ба ҳифзи ватан меравам.
– Ин ҳама издиҳом даъвои ҳифзи дин доранд. Шумо, ки ба ҳифзи ватан камар бастаед, илоҳо, ба муроду мақсадатон расед.
30 январи 1866 армияи рус тарафи Дизак ҳаракат кард ва ҳамзамон ба Амир нома фиристониду талаб кард, ки аъзоёни сафорати русро таъҷилан озод бикунад; ва Амир аъзоёни сафоратро, ки барои телескоп доштанашон – ин асбоб даруну беруни шаҳрро нишон медиҳад, инҳо ҳама асрори моро мебинанд!–ба ҳабс гирифта буд; пас аз талаби русҳо бор доду шарт гузошт:
– Ҳамаи хоки мусулмононро, ки гирифтаед, баргардонед. То Семипалатинск ва то Оренбург баргардонед, баъд шуморо озод мекунам.
Генерал –губернатор ба ин даъво хандид, ва нияти гузаште кардан надошт;ва пешу паси армияро мустаҳкам мекард; ва моҳи сентябри соли 1866 қатъан талаб кард: дар муддати даҳ рӯз товони ҷангро диҳад, фавран лашкарашро ақибтарафи Самарқанд барад, роҳзанҳоро безарар гардонад, ки корвонҳо бемалол рафту омад кунанд; ва даъвои хок надошта бошад; фақат дар ҳамон ҳолат аз сулҳу салоҳ гап кушодан маъние дорад.
Амир ҷавоби қатъномаро ақиб партофт–ба зӯрӣ мегирад он заминҳоро!

9
Ва Рӯзимурод тӯшаашро пуштора гирифту рафт ба пилаҷо, ва пилаҷо сето буд–яке дар шаҳр, дар сарбозхона барои пиёданизом, дигаре дар Чорсӯ барои сарбозони мавсимӣ, ва сеюмаш берун аз шаҳр, дар саҳро барои сарбозони
савора. Пиёданизом сарбозони доимӣ ва ба истилоҳ касбӣ
ба ҳисоб мерафтанд, ки хидматашон мӯҳлат надошт ва дар
сарбозхона ба онҳо рӯзе ду бор шулон медоданд; ва либосашон якранг набуд касе чизе ёбаду пӯшад; ва рӯзҳои бозор машкобӣ, ё гадоӣ мекарданд; ва онҳо асосан мардуми бечорае буданд, ки дигар ҷои рафтан надоштанд–бехонаву дар.

пешина
аз 435
навбатӣ