Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бекорони сарсону саргардон ва қарздорон ва хуниҳо ва фидоиён фавҷи сарбозони мавсимиро ташкил медоданд.
Сарбозони савора варзида ва бо низом буданд.
Ва лашкар фармони роҳ гирифт, лашкаре, ки илми ҷанг наомӯхтааст ва ба кироя гирифтаанд аз туркманҳои саҳрогард ва форсҳои ғулом ва гурезаҳои афғон ва тӯдаи элнавкар, ки бӯи борут начашидааст. Ва сардорони даста, ҳар кадоме дар мақоми худ, ба роҳ баромаданд; ва савораҳо аспҳоро маҳмез заданд, ва фаши салаашон дар бари рӯяшон бодбезак шуд; ва пиёдаҳо дунбол карданд – тӯрбаҳо дар пушт, камонҳо дар китф; ва сиву ҳафт шутур сиву ҳафт тӯби чӯяниро мекашид; ва роҳу бероҳа пури савораву пиёда гардид.
Ва Амир, бо аҳли риқоб, ҷондорон ва сипоҳи хоса, савори фойтун, бо роҳи калон, тақрибан дар миёнаи лашкар равон, ба майдони ҷанг мерафт; ва шотирҳо меомаданду аз авзои роҳ хабар медоданд, ва худаш чопарҳо мефиристонид ба сарлашкар ва саркардаҳо ва супоришҳо медод; ва як фойтуни болопӯшида пури зан аз дунболаш меомад, ки шилшилаҳои рангорангаш бод мехӯрд; ва ин низом ва ин лашкари анбӯҳ ба дили Амир фараҳ ато мекард; ва хаёлаш дар ҳавои ҷангҳои гузашта ва ғалабаҳои оянда, ба парвоз даромад: «Кӯҳро паст мекунад ин лашкар. Боз шермардон аз Шаҳрисабз ҳамроҳ мешаванд. Аз пеш сипоҳи Самарқанд мебарояд. Аз лашкаре, ки хоки Ҳисорро бехт, ба камаш, бист карат зиёд аст. Як наъра кашида ба ҳуҷум гузарад, гарди салоти русро мебарорад. Сарлашкар ва саркардаҳоро огоҳ кардан лозим, ки аскари урусро бисёр накушанд.
Чунон ки ин хел корҳо дар Ҳисору Қӯқанд шуда буд.
Мардҳояшро асир мегирем, ғулом мекунем. Занҳояшро каниз мекунем. Тангаву тиллояшро ба хазина мефиристем».
Ва Амир шаҳди ғалаба чашид – ҳам ғалабаи гузашта ва ҳам ғалабаи оянда; ва бо шамотат пеши назар овард, ки бекҳо даъвои мустақилӣ доштанд. Беки Ҳисор Абдукарим Додхоҳ, пинҳонӣ бо беки Деҳнав забон як кард, ва ҳардуи онҳо одам фиристода аз беки Кӯлоб Сарихон маслиҳат пурсида, розигии ӯро гирифтанд ва аз итоат ба Амир сар тофтанд–фармоишҳои ӯро иҷро накарданд, андоз надоданд, молиёт нафиристониданд.–Мо ба онҳо мансабу насаб додем, акнун онҳо ба мансаби мо талабгор шуданд!

пешина
аз 435
навбатӣ