ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва фақат рӯзу соати ин ҳуҷуми мусаллаҳона ногаҳониву ғофилгирона буд, вагарна аз рӯзе, ки инқилоби коргару деҳқон ғолибият ба даст овард, чунин зафар ба чашми сармоядору сармояҷӯву сармояпарастон як хори чилсара шуд, ки пайваста аз ҳар тараф халида меистод; ва онҳо ба коммунизму ғояҳои коммунизм «вабойи коммунистӣ» ном ниҳоданд, ва доим дар фикру дар талоши несту нобуд кардани он вақту қувваро дареғ намедоштанд; ва чунонки дилашон мехост, дар гаҳвора буғӣ кардану куштанӣ буданд, аммо натавонистанд; ва тартиби рӯзгори сотсиалистӣ дар рушт буду ба камол мерасид, ва ба вуҷуд омадани ҳар як ҳизби озодихоҳ дар дигар давлатҳо, як хишт аз қасри капитализму империализм меканд, ва бо ҳар роҳе, ки бошад, пеши ин ваборо гирифтан барои онҳо шарту зарур буд, масъалаи ҳаёту мамоташон буд.
Ва рақобати шадиде буд байни ду тартиби ҷаҳондорӣ ва ду ғояи ҷаҳонбинӣ.
Ва андаруни ин рақобати шадиди иқтисодӣ, ҳарбӣ, техникӣ, маишӣ, дар паси ниқоби рӯзгори сотсиалӣ, дар Германия тарғиботи фашистӣ сари қудрат омад, ва фашистон бар чунин ақида буданд, ки «миллати немис аз нажоди пок аст ва дигар миллатҳо нажоди нопок доранд, ва немисҳо аз рӯҳи поканд, ва дигар халқҳо аз мушти хоканд; ва тақсими хоки ҷаҳон дар ин замон нодурусту беадолатона сурат гирифтааст; ва нопокон бояд дар итоати покон бошанд ва мушти хокон барои хизмат ба рӯҳи покон офарида шудаанд; ва беҳтарин қитъаҳойи хоки рӯйи замин бояд дар тасарруфи немисҳо бошад».
Ва Берлин бо Москов як ҳуҷҷати гургоштӣ имзо карданд, ки дӯст ҳастанд, ва Москов ба давлатҳойи назди Балтик дарояд, Берлин дахолат намекунад, ва Берлин Полшаро гирад, Москов шарик намешавад.
Ва фашистони Германия аввал Полшаро фатҳ карданд, ва баъд пайдарпай Данияро дар як рӯз, ва Голландияро дар панҷ рӯз, ва Белгияро дар нуздаҳ рӯз, ва Франсияро дар чилу чор рӯз, ва Норвегияро дар шасту се рӯз, заданду гирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё