Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пас, рӯҳи мардумро мағлуб ва эътиқоди мардумро шикастан, ягона илоҷи ба коммунизм шикаст додан аст».
Ва дар ин бобат дастуре навиштанд ва асоси идеологиву тарғиботияшро муайян карданд, ва роҳу хароҷоти ба амал оварданашро ун се давлати хеле мутараққӣ ва пешрав ба ӯҳда гирифтанд:
«Ҷанг ба поён мерасад, рӯзе ҳама кор ба тартиб медарояд, ҷобаҷо мешавад. Ва мо ҳар он чӣ дорем – ҳамаи тилло ва кулли иқтидори моддиро барои гӯл задану аҳмақ кардани одамон ба кор меандозем… Майнаи инсон, тафаккури одамон, ба тағйир ёфтан қодир аст. Мо ба майнаи одамон тухми ҳарҷу марҷ кошта, ҳатман ҳама муқаддасоти онҳоро бо чизҳои қалбу беарзиш бадал мекунем ва маҷбур мекунем, ки ин мардум ба ҳамин арзишҳои қалбу хасакӣ бовар бикунанд. Чӣ тавр? – Мо ҳамфикрони худамон, иттифоқчиёни худамонро дар дохили Русия пайдо мекунем. Аз онҳо ба фойдаи худамон истифода мебарем.
Бино ба мақсадамон фоҷиъаи густурда меофарем, ки дар натиҷа фано ёфтани саркаштарин халқ оғоз мегардад.
Баъд ин фоҷиаро зина ба зина ба бозӣ медарорем. Фоҷиъа болойи фоҷиъа. Ба нияти фурӯ мурдани чароғи Худогоҳии ин халқ…
Мо, масалан, аз адабиёту санъат, мояи иҷтимоии асарҳоро батадриҷ берун мебарорем. Рассомону адибонро вомедорем, ки аз одати иҷтимоигаройӣ даст кашанд.
Рағбати тасвирро тарк бикунанд. Таҳқиқи равандҳоеро, ки дар аъмоқи оммаҳои мардум ба зуҳур меоянд, аз димоғашон дур меандозем. Адабиёт, театр, кино – ҳама ин соҳаҳо палидтарин эҳсосоти инсониро тасвир ва тараннум хоҳанд кард… Мо ба истилоҳ санъатваронеро ҳарҷониба дастгириву бардор хоҳем кард, ки парастиши шаҳват, таҷовуз, бераҳмӣ, хиёнат – хуллас ҳар гуна бадахлоқиро дар тафаккури инсон роиҷ мегардонанд. Зӯр зада ҷойгир мекунанд… Дар идора кардани давлат мо ҳарҷумарҷ ва бесарусомонӣ ба вуҷуд меоварем. Мо ноаён, вале фаъолонаву пайгирона, ба худсарӣ ва худдонамии мансабдорон, ришвахорӣ ва бемаслакии онҳо, мусоидат хоҳем кард.

пешина
аз 435
навбатӣ