ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва овозаи адолати ҳукумати шӯравӣ ба гӯши мардуми ҷаҳон мерасид ва мешуниданду ҳавасашон меомад.
Ва бинобар он ки капитализм қади аҷалаш аз коммунизм метарсид, ва таблиғу ташвиқ мекард, ки «коммунизм вабойи асри бист аст», ва бо мақсади ростро дурӯғ нишон додан, ҳамон барномаеро, ки баъди Ҷанги Дуйуми Ҷаҳон қабул кард, ва он барнома байни худи капиталистҳо ошкор, вале барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамфикронаш пинҳонӣ буд, бо «ҳамаи тилло ва кулли иқтидори моддӣ»
ба кор даровард ва ба муомилот баровард, то ки одамонро «гӯл задану аҳмақ кардан» ҳарчи зудтар натиҷае бидиҳад; ва «баъзе касоне, ки» асли ин нияти фоҷиаборро фаҳманд, ва ё пайхас раванд, аввалан, ин хел одамон хеле кам ёфт мешаванд, ва баъдан мо «ин гуна касонро хандахариш мегардонем, роҳи ба онҳо бӯҳтон заданро меёбем ва партовҳойи ҷамъият эълонашон мекунем». Ва марказҳойи илмӣ, ситодҳойи ҷосусӣ ва чопхонаву шабакаҳойи радио таъсис доданд ва ҳамаи ин муассисаҳо меомӯхтанду таҳлил мекарданду тарғиб менамуданд, ки ғояҳои коммунистӣ арзише надорад, як хаёли ботилест ва рӯзгори одамро тангу тира мегардонад.
Ва ин ташвиқоти зоҳиран ғамхорона, вале дар асл бадхоҳона, ба тадриҷ, пинҳону ошкор, ба СССР роҳ меёфт.
Ва Муродгул дар анҷумани комсомол, аз минбар, зимни сухангӯйӣ, мисол овард:
– Дур наравем, гирем райони Ҳисорро. Ободтарин вилояти аморати Бухоро гуфтаанд сайёҳон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо