ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ин вилояти обод дар чӣ ҳоле буд? Обҳойи дарёҳойи Варзоб, Хонақо ва Қаратоғ, аз тангноҳойи дараҳойи кӯҳистон берун, ки мебаромад, дар поён, дар ҳамвориҳо ба шоху шохчаҳойи бисёре тақсим мешуд, паҳну парешон мешуд, ва ҷару ҷӯ меканд, кӯлмаку кӯлчаҳо ба вуҷуд меомад. Замин лойу пурнам мешуд.
Сияҳбеду газу най мерӯид. Соҳили рости дарёи Варзоб, аз Буни Ҳисорак, то резишгоҳаш ба дарёи Кофарниҳон, буттазор андаруни ботлоқ буд. Роҳи гузар надошт. Ҳаво ҳам роҳи гузар намеёфт. Об мегандид, лой бӯй мегирифт, парандаву хазандаву ҳашарот замину замонро зер мекард. Нами заминҳойи шолӣ ба он илова мегардид. Оби касиф, ҳавойи касиф, хоки касиф, одамонро ба саду як дарду мариз гирифтор мекард. Табларза ва ҷоғар хонаи мардум, бадани мардумро гӯё иҷора гирифта буд. Тобистон одамон орзу мекарданд, ки ба ягон ҷойи хушобу ҳаво гурезанд. Ҳоким, ба аҳли аёлашу рикобаш, ба Қаратоғ, ё Душанбе мегурехт.
Имрӯз дарёҳо маҷройи аниқ доранд, ботлоқу буттазор нест, табларзаву ҷоғар аз байн рафт. Кишт шуд, боғ шуд, бӯстон шуд. Одамони калонсолу миёнсол чунин манзараҳоро дидаанд, чунин корҳоро кардаанд. Онҳо фарқи дирӯзу имрӯзро мебинанд, медонанд, ба қадраш мерасанд, ба ҳар гуна дасисаҳо фирефта намешаванд. Аммо ҷавонон гапи дигар. Инҳо, ки надидаанду накардаанд, фиреб доданашон осонтар.
Ман барои шумоён як мисоли ҷузъӣ овардам. Мисолҳойи куллиаш ба раводиди худатон. Харитаи Тоҷикистонро бигиред, дирӯзу имрӯзашро бубинед, муқоиса бикунед, хулоса бибароред. Хулоса бароред, ки матбуоти буржуазӣ дар ҳаққи ватани мову мардуми мо чиҳо мегӯянд, ва дар воқеъ сиёсати ватани мову зиндагии мардуми мо чӣ рангу бӯе дорад.
Ва замон нав шуда буд, макон нав шуда буд, ва одам ҳам бояд нав мешуд; ва ба тарбияи одами нав ташкилотҳойи нав – октябрятҳо, пионерон, комсомолон ва иттифоқи касаба, ва иттифоқҳойи нависандагону рассомону оҳангбандону киносозон машғул буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо