Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Раис қоғазҳойи бурдагии Нарзуллоро нагирифту нахонд, фақат даҳонӣ пурсид ва шарҳи даҳонии ӯро гӯш кард ва даҳонӣ ҷавоб дод:
– Мо агар ба арзҳойи майда-чуйда машғул шавем, масъалаҳойи муҳим зарари куллӣ мебинанд. Бухусус дӯстии халқҳо. Ба шумо ҳам маслиҳат ҳамин ки дӯстии халқҳоро эҳтиром бикунед. Сахт пос доред.
Ва Нарзулло ҳайратзада ва мулзам монд; ва аз ҳамон рӯз то ба ҳоло, гоҳо дар дил, гоҳо бо овози баланд, такрор мекунад:
– Рост гуфтааст Азизмуроди Рӯзимурод. Ҷони гапро гуфтааст, ки «хислати мардумро дигар кардан даркор».
Дигар кардан даркор!
Ва ду рӯз пас ӯро аз вазифаи мудири шӯъба озод карданд, ва аз редаксияи рӯзнома ба типография гузарониданд, ки ғалатгир шуда кор кунад, ва таҷрибаи кори матбуотро омӯзад.

9 Ҳукумати Шӯравӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ бино ба нақшаи пешакӣ кор мекард, – барои панҷ сол нақша мекашид, ки дар куҷо, кадом соҳаҳойи ҳаётан муҳими маданӣ, саноатӣ ва деҳқонӣ, ва ҳарбӣ, алҳол аз талаби вақт ақиб мондасту эҳтиёҷи мардум ва давлатро қонеъ карда наметавонад, ва дар куҷо, дар кадом мӯҳлат, кадом корҳоро иҷро кардан зарур ва ҳатмист, то ки рӯзгори халқ ва иқтидори мамлакат, аз дирӯза дида имрӯз, ва нисбат ба имрӯз дар фардо, боз ҳам беҳтар, осудатар ва бақувваттар бишавад.
Ва дар охири ҳар як панҷсола анҷуман барпо мешуд, ва ҳисобот медоданд, ва нақшаи навро тасдиқ мекарданд боз барои панҷ соли дигар.
Ва ба пешқадамҳо унвонҳову ҷойизаҳову имтиёзҳо медоданд, – орден, медал, байрақи сурхи сайёр, бригадаи зарбдор, ва ба монанди ҳамин.

пешина
аз 435
навбатӣ