ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Худҳошон ҳисобашонро меёбанд.
Ва сейфи калонашро кушоду мақоларо дарунаш монду қуфл кард.
Ва Нарзулло чанд рӯз ангу гаранг ба андеша рафт, ва дилаш тоқат накард, ва ин дафъа мазмуни мактубҳоро мухтасар бо услуби муроҷиат навишт, ва назди вазири маориф бурд, бо умеде ки мактабу мактаббача бевосита ба ӯ дахл дорад; ва вазир муроҷиатномаро хонд ва варақҳоро баргардонида ба дасти Нарзулло дод:
– Понздаҳ ҷумҳурӣ ба ҳукми понздаҳ бародаранд. Мо ҳама як оилаи калон ҳастем. Вазифаи мо дӯстиро тарғиб кардан, дӯстиро мустаҳкам кардан аст, на низоъандозӣ.
Аз пайи ин хел корҳо нагардед. Дӯстии халқҳоро вайрон накунед. Ба фойдаи халқ кор кунед, на ба зарараш.
– Онҳо миллати як халқро дигар кунанд, забони як халқро дигар кунанд, ин ҳама ба фойдаи дӯстии халқҳо, дӯстии халқҳоро мустаҳкам мекунад. Мо гӯем, ки дар ҳуҷҷатҳо миллатамонро дуруст нависед, дар мактабҳо бачаҳо бо забони модариашон дарс хонанд, ба зарари дӯстии халқҳо, дӯстии халқҳоро вайрон мекунад. Мантиқ дорад?!
– Дорад! Онҳо кунанд, мо намекунем!
Ва Нарзулло пеши худ қарор дод, ки ба кумитаи бехатарӣ меравад ва маслиҳат мепурсад, ки ин мактубҳойи шикоятиро куҷо барад, ба кӣ нишон диҳад, оё идорае ва ё маъмуре ҳаст, ки шикояти ин мардумро тафтиш бикунаду мададе бирасонад; ва дар он ҷо маслиҳат доданд, ки ба вазири корҳойи хориҷӣ муроҷиат карданаш мумкин, вале беҳтараш сари худу сари дигаронро гаранг карда нагардад, аз баҳри чунин талошҳойе, ки дарунаш фитна дорад, барояд, ба фаромӯшӣ супорад, ҳам ба худаш нағз мешавад ва ҳам ба дигарон.
Бо вуҷуди чунин маслиҳати оқилона Нарзулло, ба умеди ягон натиҷа гирифтан ва арзу доди ҷабрдидагонро ба гӯши додрасе расонидан, ба вазорати корҳойи хориҷӣ рафт. Дар ҳамон ҷо донист, ки Тоҷикистон вазорати хоси корҳойи хориҷӣ надоштааст, пас вазир ҳам надорад ва иҷройи ин вазифа ба ӯҳдаи раиси шӯройи вазирон будааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо