ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
ба гардани дигарҳо мепартоед. Баройи роҳбар, барои коммунист, айб аст ин хел баҳонаҳо». Ва сари роҳи идора ба кӯдакистоне даромад, ки соли гузашта, бо душвориҳо, бо ҷангу ҷанҷол аз ҳисоби ҳукумат сохта буд, ва ин дар вилоят нахустин биное буд, ки махсус барои кӯдакон сохтанд, ва талабгор бисёру ҷо камӣ мекард, ва арзу шикояти падару модарон то ба кумитаи иҷроия меомад, ки маъмурият навбатро риоя намекунад, хешу таборӣ ва ёру ҷӯрагӣ мекунад, ва бепушту паноҳҳо ба куҷо рафтану чӣ илоҷ ёфтанашонро намедонанд; ва мудири кӯдакистон ба раис арзи ҳол кард, ки «имкони фаро гирифтани ҳамаи кӯдакон нест. Ин бино резинӣ нест, ки ман кашида васеъ бикунам. Инро медонам. Лекин ба ҳар падару модаре, ки ҷавоби рад медиҳам, дар назди онҳо худро муттаҳам ҳис мекунам. Гӯё айби ман бошад»; ва Муродгул ӯро тасаллӣ дод, ки «шумо айбе надоред. Айб аз мост. Айби ҳукумат аст, ки талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад. Лекин дар ғамаш ҳаст. Ислоҳ мекунад».
Ва дар идора аввал телегрому хатҳойи омадаро хонд ва дар гӯшааш навишт, ки ба кадом шӯъба дахл дорад. Ва баъд ахбори ҷонишинҳо ва мудирони шӯъбаҳоро шунид, ва супоришҳо дод; ва вақти чошт шуд, ва аз ошёнаи саввум ба поён, ба ошёнаи якум фуромад, ва дар ошхона мехост ба курсии мизи нимхолие бинишинад; ҳамон лаҳза пешхизмат дар паҳлӯяш пайдо шуд:
– Раис, шумо боло гузаред, ана даруни хонача.
Ва Муродгул бо сарзаниш ба рӯи ӯ нигарист:
– Одамону мизҳоро дар ошхона ба гурӯҳҳо ҷудо накунед! Ба ҳама як хел муносибату муомила бикунед. Ҳар касе ки биёяд, дар кадом мизу курсии холӣ бошад, шиштан мегирад. Сӣ сол шуд, ки мо бе хоҷаву хизматгор зиндагӣ мекунем. Фаромӯш накунед!
Ва ӯ дар ҳамон курсӣ ҳамроҳи дигарон нишаст.
Ва пас аз тановули чошт ба идорааш баргашт ва як варақ қоғазро ба дасти котиба дод:
– Бо навбат занг занед. Ба ман пайваст кунед.
Ва котиба, бино ба рӯихати ноҳияҳо ва ному насаби одамон, ки дар варақ буд, занг мезаду бо навбат ба Муродгул мепайваст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо