Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва раис ба ҷойи даркориву шахси масъул, сӯҳбат мекард, – ва бо раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи А. бо таъкид гуфт, ки «бино ба шунидам, дар ноҳияи шумо раисони шӯройи деҳот дастнигари раисони колхоз ва директори совхоз шудаанд. Агар чунин аст, онҳо чӣ будани ҳокимияти шӯройиро нафаҳмидаанд ва намедонанд. Ин кори хурд нест. Гап дар бораи мавқеъ ва обрӯи шӯро меравад. Коре накунед, ки эътибори шӯроҳо коста шавад!»; ва аз раиси суди ноҳияи Б. пурсид, ки «натиҷаи тафтиши кирдори мудири тоҷикматлубот чӣ шуд?» Аз он тараф ҷавоб омад, ки «мурофиа ба фардо монд». Ва аз ин тараф маслиҳат шуд, ки «ба итмом расонед. Қарор ки баровардед, бо шарҳу эзоҳаш дар рӯзнома чоп кунонед. Мардум донанд, ки дузанӣ ва канизак гирифтанҳоро ҳукумати шӯро, кайҳо боз аз беху бунаш сӯхта барҳам додааст»; ва ба директори Кони нав, ки дар ноҳияи В. воқеъ аст, дастур дод, ки «партовҳойи заҳролуди комбинатро минбаъд дар хамгашти дунгии назди рӯди калон гӯр накунед. Аз поёноби он рӯд як водӣ одам об мехӯрад», ва директор бо забони русӣ иддаъо кард, ки «раис, шумо ба корҳойи худатон машғул шавед. Мо ба Москов итоат мекунем»; ва раис ҳушдор дод, ки «медонам, ба Москов итоат мекунед. Лекин ҷойи коратон дар вилояти мо. Обу замини ин вилоятро пок нигоҳ доштан ва саломатии мардумро ҳифз кардан вазифаи мост»; ва аз мудири маорифи ноҳияи Г. пурсид, ки «ҳамон нӯҳ духтаре, ки ба мактаб наомадаанд, сабабаш чӣ будааст?, ва натиҷааш чӣ шуд?»; ва дар охири кор сари роҳи ба хона рафтан, ба як ҳавлии пастаку дудзада даромад, – як тараф ҳарф мечинданд, як тараф саҳифа мебастанд, ғалатгирон аз ин тараф ба он тараф ва аз он тараф ба ин тараф рафтуо доштанд ва мошинҳо тақутуқ рӯзнома чоп мекарданд ва мебуриданд ва мебароварданд ва коргарон мебардоштанду даста мебастанд…, ва раис аз ҳар гурӯҳ пурсид:
– Ҳар саҳар шир медиҳанд?

пешина
аз 435
навбатӣ