Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, медиҳанд.
– Доим!?
– Доим!..
Ва Муродгул ҳаррӯзу ҳамеша, ба ғайр аз рӯзҳойи якшанбе, ки рӯзҳойи истироҳат аст, бо ҳамин тартиб ва бо ҳамин масъулият ва бо ҳамин хел одоби муколимаву муомила, дар доираи салоҳияти мансабаш, кор мекард; ва чунин кор кардан, дар маҷмӯъ «муносибати коммунистона ба вазифа ва ба заҳмат» ном дошт, ки агар ҳар як коммунист, ҳамчунин рафтор накунад, номи коммунист бар вай ҳаром буд.
Ва дар СССР, дар давлати паҳноваре, ки бисту ду миллиону чорсад ҳазор километри квадратӣ масоҳат ва дусаду ҳафтоду ҳашт миллиону ҳафтсад ҳазор аҳолӣ дошт, ва саду як халқу миллатро фаро гирифта буд, чордаҳ миллион коммунист, бо ҳамин хел донишу биниш ва бо ҳамин хел дилгармиву ғамхорӣ, ва ҳамин хел рӯзро шабу шабро рӯз мекарданд; ва нахустин давлати сотсиалистӣ дар таърихи ҷаҳон, – ба рағми таҷрибаи чандҳазорсолаи рӯзгор, ки «ҷомеъа бе шоҳу гадо набуду намешавад», ва ба рағми даъвойи файласуфон, ки «одам бародари одам нест. Одам гурги одам аст»; ва ба рағми ҳикмати мардумӣ, ки «ту ӯро накушӣ, вай туро мекушад», – аз рӯз ба рӯз, аз моҳ ба моҳ, аз сол ба сол ва аз панҷсола ба панҷсола, мубориза мебурд ва тарғибу татбиқ мекард, ки инсонфиребист ҳамаи он ташвиқоту таҷрибаву андарзҳо, ва нуқсаш дар худи одамон ва дар тарбияи одамон ва дар иззати нафси одамон аст; ва қадам ба қадам, бо кору рафтор ва бо қонуну қарор, дар амал собит мекард, ки агар ҳокимият халқӣ бошад, ва агар ҳукумат меросӣ неву интихобӣ бошад, ва агар мафкураи куҳнаи куҳнаро, ки истисмори одам аз тарафи одамро азаливу абадӣ медонад, барҳам шикаста мафкураи нав ҷойгири он бишавад, ки як одам ҳақ надорад, ки як одами дигарро ба фойдаи шахсии худаш кор бифармояд, фарқи шоҳу гадо аз байн бардошта ва ҷомеъа бе шоҳу гадо мешавад ва ҳамаи одамон як хел озод ва дар рӯзгору дар ҷомеъа ҳақу ҳуқуқи баробар доштанро ёд мегиранд, ва мебинанду мефаҳманду медонанд, ки одам гурги одам буданаш шарт нест, балки одам бо одам баробару бародарвор ҳаёт ба сар бурда метавонад, ва гар ту дасти ӯро бигирӣ, вай дасти туро мегирад, чунонки дар мамлакати мо ҳаст.

пешина
аз 435
навбатӣ