ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Муродгул як сарояндаро, ки ҳар рӯз ду бор, – сари субҳ ва нисфи рӯз, – аз радио ва шабҳо дар хатнасуру ақди никоҳ, дар ҳавливу тарабхонаҳо суруд мехонд, ва аз ин бобат хеле машҳур буд, ба идорааш даъват кард:
– Шумо ҳар шабу рӯз, аз радиову маъракаҳо, ба гӯши мардум мехонед ва нола мекунед, ки «назди номард хорам накун, мӯҳтоҷам накун!», аз кӣ мадад мепурсед, ба умеди дастгирии кӣ ҳастед? Аз дасти кӣ, назди кадом номард, хор шудед? Кӣ шуморо ба киву ба чӣ мӯҳтоҷ кард? Кӣ бояд шуморо аз ин залолатҳо халос бикунад? Мухотабатон кист?
– Ман ҳамту мехонам. Дигар тарафҳояшро фикр накардаам.
– Минбаъд, ҳамту нахонед. Минбаъд, фикр карда хонед. Минбаъд, донистанатон шарт аст, ки ҳукумати шӯройӣ Одами дастнигар не, Одами дастболо тарбия мекунад. Одаме, ки қадри Одам буданашро медонад. Ба қадри худ мерасад. Қадри худро медонад. Ҳимоя карда метавонад қадрашро. Медонад, агар надонад, ёд бояд дод, ки «ту эҳтиёҷатро ба дасти худат барор. Ба умеди каси дигар нашав. Эҳтиёҷ назди номарде набар, тамаъ накун, тамаллуқ назан, олам гулистон, хор ҳам намешавӣ! Коратро худат ки кардӣ, мӯҳтоҷи каси дигаре нестӣ. Осону арзон.
Ба муроҷиату шикояту нолиш, на ҷой ҳаст ва на зарурат.
Ба гӯши мардум ҳамин ҳадафҳоро расонидан лозим. Вазифаи мову шумо ҳамин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо