Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва академик Ҳикматов Солеҳ Ҳукуматович, ки исми аслиаш Худобандаи Худойдод ибни Муҳаммадсолеҳ буд, ва ҳангоми аъзойи ҳизби коммунистӣ шудан, бино ба хости сиёсати нав ва ҳамқадами ҳаёт будан, номашро дигар кард, ва дар университети навтаъсис аз илми фалсафа дарс медод, ба донишҷӯёни соли саввуми факултаҳойи таърих ва филология ва ҷуғрофия, ки дар як толори калон ғун омадаанд, аз мавзӯи «форматсияҳойи ҷамъияти инсонӣ»
ваъз гуфт; ва шарҳу эзоҳ дод, ки пешрафти ҷомеъа ба асбоби истеҳсол ва тарзи истеҳсол ва усули заҳмат ва ҳосили заҳмат вобаста аст, ва бино ба ҳамин асбобҳову ҳамин муносибатҳо, зина ба зина тағйир меёбад ва ин тағйироти доимӣ ва ногузир буду ҳаст; ва мо медонем, ки ҳамин роҳу равиш инсониятро аз даврони ибтидойӣ баровард ва ба замони феодалӣ овард, ва феодализм рушд карда, ба муносибатҳойи капиталистӣ расид, ва империализм авҷи аълойи капитализм аст, ки бешаку шубҳа, ба сотсиализм роҳ мекушояд, ва интиҳо коммунизм фаро мерасад, ки саодати фарзанди Одамро дар рӯйи замин таъмин менамояд. Ва Одам, бори аввал дар таъриху тамаддун, озод аз ҳамагуна фишорҳойи осмониву заминӣ ва рӯҳиву ҷисмонӣ, зиндагӣ ва кор карданро ёд мегирад; ва агар дар ҳама давру замонҳойи гузашта, бо фаҳмишу донише рӯзгор ба сар мебурд, ки «замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз!», минбаъд мегӯяд, ки «Не! Ин роҳи дуруст нест!», ва бо фаҳмишу бинишу донише умр ба сар мебарад, ки «Замона бо ту насозад, ту замонаи дигар соз!» Ва созиш накун ба беадолатиҳо, бо зулм, бо ҷабр муросо накун ба ҳоле, ки шаъну шарафи туро зери по карданист, ҳақир мабош ва худро паст магир! Ва даъвати «Шаҳри якчашма равӣ, якчашма шав»-ро таҳқир ба рисолати Одамият бидон, ва берун андоз аз саҳифаи китобҳо. Ва дур парто аз муомилаву муколама; ва ливо бибардор, ки «Шаҳри якчашма равӣ, чашми дигарашро бино бикун!»
Ва дар воқеъ чунин буд таблиғу ташвиқ ва азму талош ва кору бор, – замонаи нав месохтанд, ва танбалро фаъолу коргурезро кордӯст, ва тарсуро далеру беорро баномус, ва нодонро донову кӯрро бино, ва беинсофро боинсофу дуздро солеҳ, ва дурӯғгӯро ростгӯйу порахӯрро ҳалолхӯр кардан мехостанд.

пешина
аз 435
навбатӣ