ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва сипоҳиёни савора дар саҳро лангар партофта, аз дегҳои амирӣ шом мехӯранд; ва аҳолии деҳоти наздикро ӯҳдадор кардаанд, ки ба аспи онҳо ҷаву беда бидиҳанд; ва пиёдаҳо дар работҳо қӯш партофтаанд ва ҷулу ҷандаашонро паҳну лӯнда мондаанд, ва халтаву саночҳоро кушода, тӯшаҳои овардаашонро тановул мекунанд; ва Рӯзимурод бо Дӯсти дегрез, ки ҳарду ҷиҳодталабони ихтиёрианд, дар кунҷе пушт ба девори работ монда нону об мехӯрданд; ва Рӯзимурод суханашро, ки дар роҳ сар карда буд, давом дод:
– Мо ба ҷиҳод меравем, то ки молу ҷони мардумро ҳимоя бикунем. Мақсад ҳамин аст? Ҳамин! Лекин дар амал чӣ? Ҳанӯз ба душман рӯ ба рӯ нашудаем. Ҷанг накардаем. Аммо, малах барин, молу маноли заҳматкаши бечораро мелесем. Ин чӣ лашкардориест?
– Манғитиву зӯракияш ҳамин,– ҷавоб дод Дӯсти дегрез.–Одати куҳнаи ин мардум. Тартиби давлатдориашон ҳамин. Бисёр дидем. Ҷои тааҷҷуб надорад. Лекин ман ҳайронам, ки Шумо аҳли савод, амиру вазирро бад мебинед, хидмати дарборро пушти по задед, боз ба ҳимояи аморат камар бастед?
– Ба ҳимояи амиру вазир не, ба дифоъи хоки Ватан.
Инҳо имрӯз ҳастанд, фардо нестанд. Аммо хоки Ватан барҷост. Доимист. Ҳифзи он шарт аст.
– Шояд ҳамин тавр бошад.
– Агар ин тавр нест. Шумо ба чӣ умед фидойӣ шудаед?
– Аз ноилоҷӣ. Бори рӯзгор ниҳоят вазнин шуд. Роҳи халосиро дар ҷанг дидам. Шаҳид шавам, ба ҷаннат меравам. Зинда монам, ғанимате мегирам…
Бо ҳамин насақ мерафт лашкари ислом ба алайҳи куффор,ва ин роҳпаймойи ду моҳ тӯл кашид; ва ба ҳар манзиле, ки рӯзона дам мегирифтанд, ё шабона хоб мерафтанд, арбобу амлокдор сағиру кабирро ҷамъ оварда сари роҳ мебароварданду қофилаи Амирро пешвоз мегирифтанд бо нону намак, бо рақсу суруд, бо таъзиму хушомадед; ва байни арбобон як мусобиқаи ногуфта ба амал омад,– кӣ беҳтар истиқбол мекунад, одами бештаре мебарорад, сафи беҳтаре меорояд, ҳавлии мӯҳташаме дорад, гову гӯсфанди фарбеҳтаре мекушад, дастархони пурнеъматтаре мекушояд, тӯҳфаи қимматтаре медиҳад, ҷаву бедаи фаровонтаре фароҳам меоварад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё