Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ва ин ҳама хароҷот аз куҷост, касе ба ҳисоб намегирифт; ва Бухоро, ки мулки беҳисобу китобе буд, мижаи аморатпаноҳу шариатпаноҳ хам намехӯрад, ки дар коҳдони раия пораи хасе, дар ҳезумхонааш парахаи ҳезуме, дар анбораш донаи гандуме намондааст; ва сипоҳиён озуқае, ки дар тӯрбаву саночҳо доштанд, кайҳо хӯрдаанд, ва гуруснаву нимгурусна роҳ мераванд, ва ҳар хӯрдание дар сари роҳу атрофи роҳ ёбанд, тала мекунанд ва ба дуздиву майдадуздӣ даст мезананд; ва аз ҳар деҳаву тумон, ки қофилаи Амир ва лашкари «ҷаррораш» мегузашт, файзу баракат мепарид, ва халқи тороҷдида умед аз раҳмати Худо дошт ва даст ба омин мебардошт – «Худоё, Худовандо, кай ин балоро аз сари мо дур мекунӣ?!», ва пушти даст ба рӯ мекашид: «Илоҳо, рафтӣ, барнагардӣ!…»
Ва оқибат лашкар ба мавзеи Сосиккӯл расид, ва нузул кард, ва рӯ ба рӯи аскари рус истод. Сараскарони рус низом ва силоҳи аскарони Амирро хеле хуб медонистанд ва ҳолати роҳҳо, пайраҳаҳо, вазъу вазни пулҳо, гузаргоҳҳо ва тарзи рӯзгору рӯҳияи аҳолӣ ва сохти қалъаву дидбониҳоро аниқ медонистанд; ва бохабар буданд, ки Амир ба рӯи онҳо лашкар кашидааст, вале аз оғози ҷанг худдорӣ мекарданд, то давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ғосибашон нагӯянд. Амир низому силоҳи аскари русро намедонист, ва аз таълиму таъминоту рӯхияи он сирф бехабар буд, ва фақат як дағдағаи хушку холии ҷангталабӣ дар сар дошт,ва одами аросотеро ҳай карда омадааст, ки ғазо бикунад; ва саркардаи аскари рус дар Сосиккӯл ғун омадани тӯдаи бузурги одамро дида ваҳм кашид, ва дар ин маврид сулҳро муқаддам бар ҷанг донист,ва расул фиристонид ба Амир, ки «Мо ҷанг кардан намехоҳем. Агар мушкилие ҳаст, биёед ба хушӣ, бо маслиҳату машварат, ҳал кунем»; Амир гуфтугӯ бо як афсарро ба шаъни худ муносиб надид ва бор надод, ва ба Сарлашкар фармуд:

пешина
аз 435
навбатӣ