Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зеби калонигарӣ ҳам даркор, ки ҳурматаш бикунанд.
Муродгул ба шиками Котиб нигоҳ кард:
– Осон будаст обрӯ гирифтан, ҳурмат дидан. Заҳмати омӯхтан даркор не, омӯзондан шарт не, кор кардан дарди сари зиёдатӣ. Хуру нӯш. Шикам мон. Дар оянда аҷаб кадрҳойи кордоне ба воя мерасанд!
Ва ҳар қадаре ки Инқилоби Октябри Кабир дерсолтар шавад, ва ҳар қадаре ки бунёдгузорони тартиботи ҳаёти сотсиалистӣ камтар шаванд, пайгирии ғояҳойи коммунистӣ ҳамон қадар аз аслаш дуртар мерафт, ва ҳамин қадар фосилаи байни гуфтору рафтор дарозтар мешуд, ва роҳбар худро аз коргар ҳамон қадар болотар мегирифт, ва …
Ва Муродгул медиду мешунид ин ҳама шикамбандагиҳо ва бепарвоию бетарафиҳо ва дидаву нодида гирифтанҳо ва каҷбиниву каҷрафториҳо, ва ғам мехӯрд, ки ғояҳойи солими коммунистӣ оҳиста-оҳиста рахна мешавад, ва рахна шуданашро роҳбарон намебинанд, ва бадтараш гумон доранд, ки рафторашон дуруст аст ва онҳо кори худро медонанду дуруст иҷро мекунанд; ва рӯзонаҳо саргарми ташвишҳойи кори идора, андешаҳойи ногувор беранг мешуданд, як андоза ба фаромӯшӣ мерафтанд, вале шабҳо аз нав баръало пеши назараш меомаданд ва ғамаш меафзуд, ки «ғоя дигар аст, мақсад дигар аст, воқеъият дигар шуда истодааст». Ва ғам мехӯрд, ки ҳар қадар зӯр мезанаду ҷон мекоҳонад, пеши роҳи рахнагаронро гирифта наметавонад; ва сараш дард мекард, дилаш дард мекард… Ва рӯзе, дар маҷлисе, Абдусалом Ҳабибов, прокурори ҷумҳурӣ, ба ранги рӯйи ӯ зеҳн монд ва гуфт:
– Муродгул Рӯзимуродовна! Дар замин як бефаросате сар аз тирезаи автобус берун бароварда нос туф кунад, шумо ғам мехӯред. Дар осмон ғилдираки самолёте кушода нашавад, шумо ғам мехӯред. Дар байни ин замину осмон ҳар кори баде шавад, ки ба ахлоқи коммунистӣ зиён дорад, шумо ғам мехӯред. Ин борро як кас бардошта наметавонад. Ғами саломатии худатонро ҳам хӯред.

пешина
аз 435
навбатӣ