Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Муродгул худ ба худ андешид, ки «аслан, зиёнкор бояд худаш ғам хӯрад, ки ба мардум зиёнаш расид, нодон худаш ғам хӯрад, ки ман чаро нодонам?, беҳунар худаш ғам хӯрад, ки ман аз фалонӣ чӣ камӣ дорам?... Вале дар рӯзгор чунин нест. Баракс аст. Бад бадиашро кардан мегирад. Нек ғам мехӯрад, ки вай чаро неку бадро фарқ карда наметавонад?!»
Ва дар Кремл, дар Қасри съездҳо, аз шунидани маърӯзаҳо ва гузоришҳо, гиреҳи дилаш кушода шуд, ва рӯҳу ҷисмаш сабукие ҳис кард, ки «ғами беҳуда мехӯрдаам, ман дар фикру ақидаам танҳо набудаам, он ҳама чизҳое, ки мебинаму намеписандам, роҳбарони олимақоми ҳизбу давлату ҳукумат низ медидаанду намеписандидаанд. Пас, кор кардан даркор, мубориза бурдан даркор, тарбия кардан даркор, ба ислоҳ расондан даркор».
Ва Муродгул, бо ҷидду ҷаҳде, ки дар солҳои Ҷанг фаъолият мекард, ба ҳамон шавқу умед, бо дилпурие, ки ҳизби коммунистӣ фардо ҳатман коммунизм барпо хоҳад кард, ва ҳар як коммунист масъул аст, ки барои ба ин мақсад расидан, қуввайу ҷони худро дареғ надорад, ва ҳар мушкиле, ки пеш ояд, коммуниствор осон бикунад, ва нуқсону камбудиҳоро беамон фош намояд, шабро ба рӯз ва рӯзро ба шаб мерасонд, ки «дар бадани мо, коммунистон, тарс гуфтанӣ гап нест».
Ва дар СССР касе аз касе наметарсид, – вай ҳам одам, ман ҳам одам! Ҳуқуқамон баробар! Хоҷаву хӯҷаин ва хидматгору дастнигар нест!
Ва ба муфтхӯр на ҷой медоданд, на рӯз, – дар бозор ҳар кас чизу моли худашро мефурӯхт, ва дар рӯзгор ҳар кас фақат чизу моли худашро мехӯрд. Ва Ҳасани ҷаллобу Ҳусейни қаллобу Ҳайдари ҳаннотро дар гузарҳояшон, дар назди мардум, ба таври намуна, суд карданд, ва аз якуним сол то ба ду сол аз озодӣ маҳрум гардониданд, ки: бубинед, инҳо аз кор мегурезанд ва ба муроди ҷомеъа кор кардан намехоҳанд, ва роҳи фиребу найрангро пеш гирифтаанд, ва инҳо дар ҷамъияти сотсиалистӣ унсурҳойи бегона ҳастанд, ки беху бунашонро сӯхта партофтан лозим!

пешина
аз 435
навбатӣ