ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
аҳди худ ва насиҳатҳойи прокурор, – хомӯш мешинаму хомӯш меравам; ман девонаам, ки барои як мухбир, ҷойи гармамро хунук мекунам» – ро ғирт фаромӯш кард, ва аз ҷой хест:
– Рафиқон, раёсати пленум! Рафиқон, аъзоёни пленум!
Аз раёсат луқма партофтанд:
– Одоби маҷлисро риоя кунед!
Ва Муродгул он луқмаро нашунид:
– Навакак мо боз ҳам баланд бардоштани маданияти деҳотро муҳокима кардем. Таҳлил кардем. Ҳоло ба фаъолони деҳот, ки барои маданияти сотсиалистӣ хидмат мекунанд, айб медонем, ки маросимҳойи коммунистиро зери по мекунанд, ва далели даъвогарон ин аст, ки онҳо хатнасур кардаанд ва хатнасур боқимондаи урфу одатҳойи бойиву феодалист. Ман Кабиров, Холиқов ва Алиевро хуб мешиносам. Борҳо аз кору борашон хабар гирифтаам. Кабиров як фермаи ақибмондаи говро дар се сол пешқадам кард. Саршумор зиёд шуд. Ширу равған бисёр гирифт. Аз нақша зиёд гӯшт супорид. Бригадаи таъмиргарони Холиқов, дар байни МТС-ҳо, ду панҷсола ғолиби мусобиқаи заҳмати зарбдор шуд, ва ҳоло ҳам Байрақи Сурхи Сайёр дар дасти онҳост. Алиевро камтар мешиносам, вале шунида будам, ки соли гузашта ғалладонаву коҳе, ки вай аз кишти лалмӣ гирифтааст, дар анбору коҳдонҳойи колхоз нағунҷидааст.
– Аз мақсад дур наравед, – бо қалам ба шиками графин зад раиси маҷлис.
Ва Муродгул эътирози ӯро нашунид:
– Маданияти деҳотро ҳамин хел касон боло мебардоранд. Дар бобати поймол кардани маданияти сотсиалистӣ ва тарғибу ташвиқи урфу одатҳойи бойиву феодалӣ бошад, хатна кардан бо баланд бардоштани маданияти деҳот он қадар зарар намерасонад, ҳарчанд ки одати куҳна аст. Корҳойи муҳимтар ҳаст ин ҷо. Корҳойи заруртар, ки зарарашон бештар аст. Дар ҳақиқат аз феодализм боқӣ мондааст. Дар ҳақиқат зараровар аст. Ҳам ба ҷони мардум, ҳам ба маданияти рӯзгор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо