ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Кадом корҳо будаанд, он корҳойи муҳим?! – садое баланд шуд аз толор.
– Бисёранд ин хел корҳо дар деҳа. Машҳурашро бигирем, дар саргаҳи ҷӯйи об занҳо дегу оштон карда, об ҷӯшонда, либос мешӯянд. Дар лаби ҷӯ, рӯйи тахтасанг, чӯб зада софкорӣ мекунанд. Мағзоба ба ҷӯ меравад. Аз поён об мегиранду об мехӯранд… Як деҳа, гуфтем, ки саду бист – саду панҷоҳ хонавода дорад, лекин як мабраз ва як ҳаммом надорад…
– Гапро дароз накунед, – шиддат кард раиси маҷлис. – Ин гапҳо ба рӯзнома дахле надорад. Шумо, коратон ҳамин ки доим маҷлисҳоро вайрон мекунед.
Муродгул суханашро давом дод:
– Боқимондаи феодализм ҳамин хел кору рафторҳост, на хатнасуру бузкашӣ.
– Ба гапҳойи ӯ эътибор надиҳед, – гуфт як нафар аз қатори пеш. – Лоиҳаи қарорро ба овоз монед!
Ва раис лоиҳаи қарорро ба даст гирифт; ва ҳозирони толор, бо ваҷоҳати норизо, хомӯш шуданд, ва ин хомӯшие буд, ки хулқу одоби Муродгулро баръало маҳкум мекард.
3 Ва сол ба сол, ҳар қадаре ки «сотсиализм ба камол мерасид ва ба коммунизм наздик мешуд» таълимоти Маркс ва Ленин ҳамон қадар аз аслаш дур мерафт.
Ва қарору китоб мебароварданду менавиштанд дар асоси ғояҳойи асосгузорони коммунизми илмӣ, ва илми марксизму ленинизм ягона илми саҳеҳ ва ростин буд, ки дигар равияҳоро қатъан ба илм бегона медонист, ва олимону адибону табибон тадқиқ ва бо иқтибос аз гуфтаҳойи доҳиён, собит мекарданд, ки Одаму Олам ба зинаи нав, ба ҳаёти муносиби номи Одам, танҳо ба шарофати таълимоти коммунистӣ шарафёб мешавад, ва рӯзгори хушу осудаву серу пури Инсон, ва озодиву ободиву баробариву бародарии Одамон, фақат дар замони сотсиализм муяссар мегардад, ки ғалабаи коммунизмро таъмин менамояд, ва намунаи чунин рӯзгор СССР аст. Ва мардум шаҳди чунин сиёсату амалро мечашиданд, ва ба чунин маърӯзаву қарорҳо бовар мекарданд, ва…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо