ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва агар аз авлоди коргару деҳқон бошад, ба рӯйхат мегирифтанд, ва агар гузаштаи шубҳаангезе дошта бошад, – доро, мулло, босмачӣ, гуреза, – қабул намекарданд ва ятимони бепадару модар, имтиёз доштанд; ва ҳолномаву тавсия аз ташкилотҳойи ибтидойии ҳизб ва иттифоқи касаба талаб мекарданд ва ғун меоварданд, ва медӯхтанд дар папкаҳо; ва анкетаҳо тартиб медоданд ва мебурданд ба райкому исполком…, ва корашон бисёр нозук ва масъулияташон аз ҳад зиёд буд.
Ва Сафаралии Трактор талабгори қаҳрамонӣ шуд, чунки «пахта шаъну шарафи Тоҷикистон буд» ва бо мошин чиндани пахта нав расм мешуд, ва алҳол обрӯву эътибори хосе дошт, ва агар унвони қаҳрамонӣ доданӣ бошанд, бе шакку шубҳа, аввал ба пахтакору пахтағундор медиҳанд; ва Сафаралии Трактор, пеш аз оғози мавсими пахтачинӣ, аз чор шишаке, ки дар оғил охурӣ баста, се моҳ боз ба алафи рушқаву ҷав парвариш мекард, якеро баровард ва ба гарданаш ресмон баст ва шабона ба ҳавлии парторги колхоз бурд, ва парторг бо фурӯтанӣ маломат кард, ки «ёриву бародарӣ ин хел нашудааст. Наход кори шумо ба ман афтаду ман аз шумо музд талаб бикунам?! Ёриву бародарӣ ин хел намешавад, ман, ҳар коре, ки аз дастам ояд, барои шумо мекунам». Валекин гӯсфандро рад накард, гирифт, ва байнашон маслиҳат шуд, ки «нияти бад нест, нияти хуб аст. Як кӯшиш карда дидан даркор». Ва ҳангоми хайрухуш парторг таъкид кард:
– Ин хел масъалаҳо бе Раис ҳал намешавад. Ҳуҷҷатгузориаш ба ӯҳдаи ман албатта. Лекин бе Раис пеш намеравад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо