ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар ҳама идораҳо, аз кумитаи марказӣ сар карда то райком, ҳукм ба дасти ҳизб, вале дар колхоз раиси колхоз ҳукмрон.
Мо дастнигар. Кӯшиш кунед, ки бо Раис муомилаи хуш дошта бошед.
Ва мавсими пахтачинӣ сар шуд, ва Сафаралӣ мошини пахтачин гирифт, ки «киштии сабз» мегуфтанд, ва муносибату муомилааш бо бригадиру раис нарму гарм буд; ва пахтае, ки ҳар рӯз ду мошин, як мошини нави Сафаралӣ ва як мошини куҳнаи Мирзоалӣ, хоҳарзодаи Сафаралӣ, мечинданд, ҳар бегоҳ дар ҳуҷҷатҳо ба номи Сафаралӣ менавиштанд; ва дар рӯзномаҳойи Сталинободу Москов суратҳойи пахтазор ва киштии сабз ва Сафаралии чанбардор ва хирмани пахта, бо таърифу тавсиф чоп мешуд, ки «ин аст заҳмати зарбдорон, ин аст намунаи заҳмати коммунистӣ».
Ва рӯзномаи райони Кировобод шартҳойи мусобиқаи сотсиалистиро интишор дод, ва аз ҷумла навиштагӣ буд, ки «ҳар чӯпоне аз сад меш яксаду панҷ барра бигирад, мошини сабукрав (Волга) медиҳанд»; ва Ҳақдод аз колхози Ғалаба ва Мелибой аз колхози Энглис, баҳс ба баҳс, мусобиқаи нонавиштае байни худ доштанд, ки ғолиб шаванду волгасаворӣ бикунанд; ва мавсими тӯлгирӣ, бо раводиди мудирони ферма ва бо дастгирии хешу таборе, ки дар рамаҳойи колхоз панҷтаву даҳта мешашон буд, барраҳойи онҳоро ба шумори барраҳойи колхоз дароварданд.
Ва ҳангоми аз об баровардани ғалбер шуд, ва бино ба ҳисобу китоб Сафаралии Трактор дар ҷумҳурӣ, дар байни онҳое, ки бо мошин пахта чиндаанд, ҷойи якумро гирифт, ва шакку шубҳае набуд, ки унвони Қаҳрамони заҳмати сотсиалистиро мегирад, ва аммо нагирифт, – ин унвони олиро ба Мехчагул доданд ва далели шайъӣ оварданд, ки ин унвон аслан барои мардҳойи механизатор не, барои занҳойи механизатор пешбинӣ шудааст, ва аз занҳойи механизатор бештар аз ҳама Мехчагул ҳосили пахта ғун овардааст; ва мардум мегуфтанд, ки гап дар зану мард нест, гап дар сари он аст, ки раиси колхози Жданов, нисбат ба раиси колхози Ватан, обрӯй ва эътибори зиёдтаре

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо