Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз набудани ҳукумат. Пеши ин роҳи фаноро гирифтан лозим».
Ва ситодҳо ба Тоҷикистон садақа фиристониданд, ки ёрии башардӯстона мегуфтанд, ва ин садақаҳо иборат буданд аз орди куҳна, биринҷи миттазада, равғани ба савдо нарафта, ва либосҳойи обшуста ва доруву дармонҳойи мӯҳлаташ гузашта, ва «ёрии башардӯстонаро» барои дармондаву бечораву ятиму пиру бемор мефиристоданд, ки азоби гуруснагиву лучӣ накашанд, ва он борҳоро маъмуронқумондонҳо мегирифтанд ва ба бозор мебароварданд; ва номнавис мекарданд, ки ба эҳтиёҷмандон доданд, ва рӯйихатро назди мӯҳтоҷон мебурданд ва зери силоҳ маҷбур мекарданд, ки «гирифтам»-гӯён имзо бигзоранд; ва дар айни ҳол ҳар як ситод ба гурӯҳе, ки таваҷҷӯҳ дошт, маблағу маслиҳат медод.
Ва ҷанг дар ҷӯшу хурӯш буд, ва бечораҳо, бечоратар мешуданд, ва вайронаҳо меафзуд, ва моҳиҳойи рӯди Вахш гӯшти одам мехӯрданд…
Ва ҳукумати Муросойи Миллӣ, ҳарчанд реб медод, ки ҳукумати ҷумҳурист, дарвоқеъ дастнигари демократҳойи исломӣ буд, ва бо онҳо ҳамкорӣ мекард, ва бино бар фармудаи онҳо қарорҳо мебаровард; ва ба даъвати онҳо, ки «тарафи коммунистҳо тир паронед Агар тир каҷ равад, Худованди ҳаждаҳ ҳазори олам рост бурда ба дилашон мезанад.»
ширкат дошт; ва дар назди онҳо тарафдорони Ҳукумати Қонунӣ яксара коммунист буданд, ва аз сесола боло ба ҳамин тоифа дохил мешуданд, ки воҷибулқатланд.
Ва тарафдорони риояи конститутсия ва ҳукумати қонунӣ сари даъвое буданд, ки «қонуну қойдаи давлатдориро вайрон кардед. Мо Ҳукумати ба ном муросои миллӣ, вале дар амал ҳукумати ҷудоиандоз ва ғосиби давлатро эътироф намекунем. Ғайриқонунӣ медонем. Аз раёсати Шӯройи Олӣ талаб мекунем, ки Сессия даъват бикунад.
Ҳукумати қонуниро барқарор намояд. Агар не, бо силоҳ ба шаҳр медароем.»
Ва раёсати Шӯройи Олӣ қабул накард, ки Душанбе пойтахт аст ва мушкилаҳойи муҳими давлатӣ бояд дар пойтахт ҳаллу фасл бишавад.

пешина
аз 435
навбатӣ