Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман пешбин нестам. Валӣ нестам. Пешгӯйӣ карда наметавонам. Аммо аз таҷрибаи таърих аниқ медонам, ки ин аморат маҳкуми завол аст. Ба Амир ҳам дахл дорад, ба писараш ҳам…

15 Муҳорибаи Зирабулоқ якуми моҳи июни соли як ҳазору ҳашсаду шасту ҳаштум сар шуд. Ва дар ин муҳориба, бори нахуст дар ҷангҳо бо урус, лашкари Бухоро аҳлонаву мардона ҷангид–душманро шикаст дод ва ақиб гардонд. Се бор ақиб гардонд, вале ғолиб омада натавонист – ақибгоҳ суст ва силоҳ куҳна буд. Таъминоту мадад мураттаб намерасид, ва саркардаҳои сипоҳ бо усули «тӯдаҳуҷум» меҷангиданд. Як бартарӣ доштанд–шумораашон зиёд буд, ва дашту дамани байни Зирабулоқ ва Қаттақӯрғон се маротиба аз даст ба даст гузашт; ва дар ин порчаи замин як ваҷаб хоки обод намонд–тӯпҳо тагу рӯ карданд, аспҳо зери сум кашиданд, пиёдаҳо канданду дариданд…
Оқибат аскари рус ғолиб омад.
Ва Амир ба мағлубият тан дод.
Ва ӯ, бо мулоҳизаи «ҷангро давом диҳам, бе тахту бе ҳарам мемонам», ба тағояш Тӯқсабо як хат ва як ливои сафед дод, ва вакил карда назди генерал–губернатор фиристонид. Ва дар хат навишта буд: «Ба ман бошад, ҳамин рӯз тахти Бухороро ба Шумо месупорам. Худам, бо иҷозати Шумо ба зиёрати маккатулло меравам. Лекин Бухоро ба дасти ман нест, ба дасти муллоҳост». Ва даҳонӣ ба Тӯқсабо дастур дод, ки «ҳар шарте гузоранд қабул кунед».
Ва матни Аҳдномаи сулҳро дар конселярияи генерал губернатор навиштанд: «Аҳду паймон чунин аст, ки аморати Бухоро товони ҷангро нақд медиҳад; ҳамаи заминҳое, ки пои аскари Императори Аъзами Рус расидааст, аз ин рӯз ба баъд, тобеъи давлати пуршавкати Русия аст; ва аморати Бухоро ӯҳдадор аст, ки сипоҳашро аз будаш зиёд намекунад, ва силоҳи нав намесозад, ва аз берун силоҳ намехарад; бе рухсати давлати рус бо дигар давлатҳо рафту омад намекунад, ва ҳуқуқи мукотиба надорад, ва агар аз ягон давлат хат биёяд, аввал ба консули Русия нишон медиҳад ва баъд худаш мехонад; посбонии сарҳад пурра ба ихтиёри сарҳадбонони рус мегузарад».

пешина
аз 435
навбатӣ