ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Амири Бухоро лом нагуфт, ва мӯҳру имзо монд.
Ин Аҳдномаи сулҳ аз тарафи халқ «Сулҳи шармандавор» ном гирифт. Ва аҳли дарбору алоқамандони дарбор ҳамоно таъзими заминбӯс мекарданд, ва аҳли дутору дойра ҳамоно «ҳазрат саломат бошанд!» мегуфтанд, ва дар масҷидҳо хутба ба номи ӯ мехонданд; ва барзгару косибон ноумед буданд, ки «вай дар ғами ҳарамаш, кай парвои мо дорад?», ва заминдору чорводору осиёдор ба танг омада буданд, ки «худаш дар таҳхонаҳо аз шумурдани саночҳои тангаву тилло кайф мекунад, лекин азобаш ба сари мо–андози фавқулодда бидеҳ, нони даҳоната те, алафи говата те, товони ҷанга бите!…»
Ва дар корвонсаройҳо, дар меҳмонхонаҳо, дар ғайбатхонаҳо, оҳанги эътироз боло мегирифт, ва дар вилоятҳою тумонҳо рӯҳи саркашиву сарбардорӣ сайр мекард; ва мардуме, ки ҳамеша азобу уқубат аз соҳибмансабон дидаанд, дар мавридҳои табадулотхоҳӣ боз ба итоати ҳамон мансабдорон мераванд–одаташон ҳамин, бо сабабе, ки мансабро ақл шуморидани авом, дар тӯли таърих, барои онҳо анъана шудааст; ва мансабдороне, ки дар орзуи мансаби баландтар буданд, мавридро муносиб донистанд, ва пеш баромаданд ва ниқоби раъиятпарварӣ пӯшиданд, ва худҳоро ғамхори халқу дилсӯзи мулк нишон доданд, ва миён бастанд, ки «табадулот мебояд кард!…»
Ва дар Русия тантана мерафт, ва Англия ба таҳлука афтод.
Мошинҳои чоп дар Петербург, дар Масков, дар Қазон ва дар Тошканд, рӯзнома, маҷалла ва китоб мебаровард, бо таъҷил ва ҳадаҳа мебаровард, то ҳарчи зудтар ба гӯши оламиён бирасонад, ки «Императори Аъзам шаъну шараф ва шӯҳрати давлатро пайваста баланд мебардорад,–ҷанги соли 1868 бори дигар собит гардонид, ки давлати пуршавкати Русия шамшери бурро ва сухани гузаро дорад: ва фатҳи шаҳрҳои Қаттақӯрғону Самарқанду Зирабулоқ далели равшани зафарҳои мост; ва Осиёи Миёна ба ватани бузурги мо илҳоқ шуд; ва он ҳама маҳву фатҳе, ки аскарони ҷасури рус анҷом додаанд, қасоси халқи кабири мост барои Маскав ва Киев ва Чернигов ва барои ҳама он шаҳрҳову деҳоте, ки дар вақташ ӯрдуҳои бодиянишин бо ваҳшоният поймоли аспон ва ғорат карда буданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё