Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кард–ба норозиён, ба мустақилиятхоҳон, ба тахтталабон
умед баст. Ва ин зумраи мардум ғолибан дар ҳавзаи
Шаҳрисабз ғун омада буданд, ва мухолифати ниҳону
аёнашон дар ҳар маврид баръало зуҳур мекард; ва ин вилоят дар муқовимат ба аморат таҷрибаву анъанаи дерин низ
дошт; ба Амири собиқ, падари Амири вақт, бист сол ҷанг
кард, вале сар нафаровард; ва фақат баъд аз бист соли зану
кӯб, соли 1856, зоҳиран тобеъиятро ба гардан гирифт, аммо
ин итоати забонӣ буд, на амалӣ. Ва дар ҳамин ҷанги Амир
бо русҳо, ҳангоми лашкаркашӣ, Ҷӯрабек, ҳокими Шаҳрисабз, аввал розӣ шуд, ки сипоҳашро ба ҳайҷо мебарад, аммо набурд–аз нисфи роҳ баргашт; ва Амир дар дил ба ӯ кина дошт, лекин «зарур бошад, раво бошад», он хиёнатро
гӯё надида гирифт ва писарашро вакил карда назди Ҷӯрабек фиристонид, ки «аҳволи Самарқанд танг шуд. Ба ёрӣ
равед. Ман ба ивази хидмататон ба Шумо панҷоҳ ҳазор
тангаи тилло ва қарияи Якобакро медиҳам», вале Ҷӯрабек
ваъда доду иҷро накард ва ба мудофиаи Самарқанд
нарафт; ва сарбозони сарсупурда, ки дар соҳили Сирдарё
шоҳиди гурехтани сарлашкар буданд, ва мудофеоне, ки ба
фармони Охунди Калон девори қалъаи Дизакро хокрез
карданд, ва сипоҳиёне, ки дар ҷангҳои Қаттақӯрғон, Самарқанд ва Зирабулоқ шикаст хӯрданд, ва медонистанд, ки
сабаби бохташон Амири базаҳкор ва бетадбир аст, бо умеди зафар ба Шаҳрисабз омада буданд; ва каттатӯра Абдумалик, ки дар муҳорибаҳо шердилу ботадбир буд, ба
шартҳои сулҳ розӣ нашуд, эътироз кард ва аз Кармина, аз
рикоби падар рӯ гардонд ва сипоҳашро овард ба ин ҷо. Ва
дар Самарқанд мардум шуниданд, ки бекигариҳои Шаҳрисабз ва Китоб аз итоати аморати Бухоро баромадаанд, ва
Абдумалик сулҳи Амир ва Кауфманро «хиёнат ба мулку
диёнат» эълон кардааст; ва пушти мардум гарм шуд, ва
умеде ба дилашон даромад, ва рӯҳ гирифтанд, ки «фарзандони баномус ҳастанд ва номуси ватанро нигоҳ медоранд». Ва Ҳоҷӣ Зарифи Бедиёнат, ки даҳ сол пеш аз ин ба
зиёрати хонаи Каъба рафт ва аз он ҷо баргашта унвони
Ҳоҷӣ гирифт, ва ҳамон вақтҳо аз Каъбатулло, дар ғилофи тилло, як тори риш овард, ки «тори риши Муҳаммад пайғамбар аст»; ва ғилофро дар меҳроби масҷид монд ва мардуми савобталабу давоҷӯ тӯда-тӯда аз ҳар гӯшаву канор ба зиёрати мӯйи муборак меомаданд, ки «савоб гиранд ва ба саду як дарду ранҷашон даво ёбанд», ва назр медоданд; ва шарофати ҳамин тори риш буд, ки Ҳоҷӣ Зариф пулу моли зиёде ҷамъ овард ва доротарин одам дар обрави Зарафшон шуд, ва шӯҳрат ёфт, ва муридони бисёре дорад, ки ба ӯ хидмат карданро шараф медонанд; ва ӯ барои «озод кардани Самарқанд аз кофирон» ливо бардошт; ва муридонаш пеш баромаданд, ва халқи бисёре дунболи онҳо рафтанд ва шӯриш барпо намуданд ва издиҳом собиқ Қалъаи ҳокимро, ки алҳол ситоди ҳарбии Рус буд, ба муҳосира гирифтанд; ва муҳосира як шабонарӯз давом кард, ва дар рӯзи дуюм аз Тошканд полки казакҳо ба ёрии аскарони Самарқанд омад, ва дар се соат шӯришро пахш кард, ва қазақҳо фақат ба куштани халқи бесилоҳ қонеъ набуданд–мақтулонро найзаву шамшер зада, тикаву пора мекарданд, ки «ба ҳамаи саркашу нофармонҳо дарси ибрат бишавад ва минбаъд касе ҷуръат надошта бошад,ки ҷониби аскари рус ало нигоҳ бикунад»; ва Ҳоҷӣ Зариф бо муридонаш ба Шаҳрисабз паноҳ бурданд.

пешина
аз 435
навбатӣ