Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ба Осиёи Васат даромадан, ва аз он ҷо ба обҳои гарм, ба уқёнусҳо баромаданро Петри Кабир орзу мекард ва имрӯз он орзу амри воқеъ гардид, ва Туркистон пули мӯътамадест барои гузаштан ба Ҳиндустон; ва дар ин роҳ бархӯрди мо бо англисҳо ногузир биёяд, Туркистонро лозим аст, ки манфиатҳои худро қурбони манфиатҳои олии Русияи муқтадир бикунад»…
Дар боргоҳу ситодҳо лордҳову генералҳои англис дасти надомат мегазиданд, ки сустӣ карданд, ғафлат карданд, ба Русия имкони пешдастӣ доданд ва «луқмаи ширин», сарвати ҳангуфт, аз даст рафт, ва эътибори пешсафӣ дар ҷаҳонгирӣ коста гардид, ва ин ҳол ба шаъни давлати Кабир намезебад, ва бо ин шикаст ҳеҷ тан додан мумкин нест; ва ба гумоштаашон дар шаҳри Пишовур дастур доданд, ки «ҷосусон ва бозоргонон ва сайёҳон беҳтар ва пурсамартар кор бикунанд, пулу молро дареғ надоранд»; ва гумошта аз номи давлаташ кафил шуд ва ба Амир пайғом фиристонид:
«Паймон бо мо суст кардӣ. Омад ба сарат аз ҳарчи метарсидӣ. Вале ин оғози кор аст, ки мужикҳо Самарқандро гирифтанд. Рӯзҳои сахттар дар пеш. Ҳоло ҳам фурсат ҳаст, агар умеди офият доред, такия ба мо бикунед. Осоиш ва парвариши Шумо эҳтиёҷ ба ҳимояи мо дорад». Вале фиристода номаро натавонист ба Амир расонад–ҷосусони консул ҳушёр ва дар ҳама ҷо тайёр буданд; ва ӯ ночор, ба Қушбегӣ рӯ овард, то ки вай раъйи Амирро бигирад; ва Қушбегӣ ҷавоб дод:
– Амири мо алҳол, баъди шартномаи сулҳ дар Зирабулоқ, бе рухсати консули Рус ёрои аз китфи рост ба китфи чап такия кардан надорад. Дар ин вазъ чигуна битавонад такя ба ёрии Шумо бикунад?
Ва гумоштаи Бритониёи Кабир роҳу равишашро дигар

пешина
аз 435
навбатӣ