Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ду дидаи бино!» Ҳарбиёни рус ҳар дам пайт мепойданд, ки «ҳилаи шаръие» ёфт шавад, ва онҳо баҳона бикунанд, ва ғасби Осиёи Васатро битезонанд. Ва баъди ғасби Қалъаи Дизак, ки тасарруфашон вусъат ёфтаву доман мегустурд ва азмашон ҷазб мешуд, ки шаҳри Бухороро ҳарчи зудтар бигиранд, мадад пурсидани Амир барояшон як мавриди муносибе буд, ки аз ғайб муфт омадааст; ва бо майли хотиру аз ҷон хуштар, ба мадади Амир рафтанд; ва сипоҳи Амиру аскари рус, дар якҷоягӣ, ба Абдумалик зарбаҳои пай дар пай заданд, ва Қарширо «озод» намуданд. Абдумалик ақиб гашт ва сипоҳашро дар Шаҳрисабз ғун овард; ва бо Мулло Озода ба сари чунин маслиҳат омаданд, ки «ҳам Амирро аз тахт афтонидан ва ҳам урусро аз мулк рондан, аз корҳои осон нест. Бо дасти танҳо намешавад, ёру тарафдор мебояд. Мардуми норизо бисёр, вале дар ин маврид фақат бо таваҷҷӯҳу хайрхоҳӣ кор пеш намеравад.
Дасти шамшерзан даркор». Ва Абдумалик навкари хосаш Рӯзимуродро вакил карда ба Самарқанд, ба Каттақӯрғон, ба Китоб, ба Хатирчӣ ва як вакили дигар ба Ҳисор фиристонид.
Ин вакилон дилпурона рафтанд ва бо ваъда баргаштанд; ва дили Абдумалик аз ваъда пур шуд, ва ҳаводории мардуме, ки анбӯҳ шуда, «хонӣ мо ту!» гуфтанд, рӯҳашро бардошт, ва ҳокими Шаҳрисабз оташи тахтнишинии даъвояшро доман зад; ва расидани сипоҳони мададгорро интизор нашуд, ва шабошаб ҷониби Самарқанд лашкар кашид, ва шаҳрро аз ду самт ба ниммуҳосира гирифт, вале роҳ аз тарафи Чорҷӯ ва Тошканд кушода буд ва ҳарбиёни Амиру аскарони рус бемамоният ба ёрии дастаҳои Самарқанд омаданд ва ба лашкари Абдумалик зарбаи ҳалокатовар заданд; ва ҳокими Шаҳрисабз, бо мулоҳизаи «кадом тарафе шикаст хӯрад, ба манфиати мост», сипоҳиёнашро ба ҷанг надаровард; ва на танҳо иттиҳоди қувваҳои мухолифи Амир ба даст наомад, балки ҳамон иқтидоре, ки мавҷуд буд, аз даст рафт; ва халқи мазлум, ки бори гарони ҷангҳои пайдарпай ба дӯшаш меафтод, ва хонахароб ва хаста шуда буд, ва таҷрибаандӯхта, ки рӯзи беҳие аз Амиру амирбачаҳо чашмдор нашавед–лӯбиёву каду, лаънат ба ҳарду!

пешина
аз 435
навбатӣ