ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
фиристодаҳо баргаштанду хабари хуш ба бек расониданд ва ширинкома гирифтанд; беки Китоб дар як шабонарӯз саисхонае сохт – қадаш дусаду панҷоҳ метр, ва халқ дар ин сохтмон бе музд кор кард, ба тарзи ҳашар, ва сутуну болору вассаашро халқ дод – ба тариқи хайрия, ва бо андози ом аз ҳар буна коҳу бедаву ҷав гирифтанд барои аспу шутури меҳмонон; ва Кӯшкро оинабандӣ карданд, ва ба кӯчаҳои калони шаҳр об сар доданд, ки чирку чарбашро бишӯяд, ва лойқа дар кӯчаву паскӯчаҳо таҳшин гардид; ва бек ба Иван Маленкий – ҳамон Иван, ки солҳои дароз, бо номҳои гуногун, ошкору ниҳон, дар Осиёи Миёна ҷосусӣ мекард, ва Императори Аъзам бо муҳаббат ӯро Мой Миленкий мегуфт, ва пас аз фатҳи Самарқанд экспедитсияи илмӣ тартиб дода буд, ки табиати ҳавзаи Кешрӯдро биёмӯзад, ва ҳамон рӯзҳо дар Китоб қароргоҳ дошт – вақти зиёфатхӯрӣ лоф заду тамаллуқ пеш овард:
– Аз кисаи худам сад ҳазор танга харҷ кардам. Ман ба шумо русҳо эҳтиром дорам. Дар Нурато ва дар ин ҷо наздиктарин ҳамсояи шумо ҳастам. Аз Шумо таманно дорам, ки дар маросими қабул ва гусели Амир ҳузур дошта бошед, сарамон ба осмон мерасад.
Иван Маленкий бекро «сарфароз» гардонд – сафарашро мавқуф гузошт ва омадани Амирро мунтазир шуд. Бек барои истиқомати «олимони табиатшинос» кӯшке бидод ва он андаруни қалъа буд ва қалъа, мисли ҳама қалъаҳои Осиёи Миёна, дар баландӣ, дар сари теппа, ки бо хоки кашида, сунъӣ бардоштаанд, сохта шудааст. Ва хидматгорон ҷудо кард барои онҳо, ки зиқ нашаванд, ва хидматгорон ба Самарқанд рафтанд, ва аз он ҷо курсӣ ва мизҳои сафарӣ оварданд, ки қату рост мешаванд ва густурдану ғундоштану ғунҷонидану кӯчониданаш осон буд; ва корду чумчаю чангаки фализӣ ва тақсимчаву истакон муҳайё карданд. Ивану ёронаш фаровон мехӯрданду меошомиданд ва даруни қалъа сайру гашт мекарданд; ва аз тамошои бораву ҳавз ва пештоқу айвон ва кошинкории сарсутун ва болору васса ва усули қабзафурӯмон лаззат мегирифтанд; ва аз навоҳои Шашмақом сурудҳо мешуниданд, ва ба маънову мазмуни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё