ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва аз Самарқанд ба Бухоро хабари адолати маъмурони рус мерасид, ки касеро бе тафтиш ҷазо намедиҳанд, арзи беваю бечораро мепурсанд, ришвахӯриро манъ кардаанд, ғуломфурӯширо барҳам додаанд, ва халқ арзе дошта бошад, пеши қозӣ намеравад, ба маъмурони рус муроҷиат мекунад, ва дар байни мардум масал шудааст, ки «урус омад, дуруст омад»; ва Рӯзимурод ба зиёрати устодаш Дӯстмурод рафт. Дӯстмурод сари хонтахта нишаста чизе менавишт, ва забони Рӯзимурод хорид:
– Ҳоло ҳам менависед?!
– Менависам.
– Сарфи беҳудаи вақт. Ба кадом дард даво мешавад ин навиштаҳо?
– Ба дарди ҷаҳолат!
– Кошкӣ! Ман дигар тоқати дар Бухоро зистан надорам. Фотиҳа диҳед, меравам.
– Ба куҷо?
– Ба Самарқанд…
Ва Дилмурод дафтарро даруни ғалладони миз гузошт.
Ин дафтаре буд куҳна, дастхӯрда ва рангбохта, ки падараш бисёр эҳтиёт мекард ва ҷилде дӯхта буд аз адрас, ва доим дар сандуқ нигоҳ медошт. Ва аз нишастани зиёд рагу пайи баданаш қолаб гирифта шах шуда буд; ва берун баромад ва лаблаби наҳр қадам зад, ки банди буғумҳояш кушода шавад; ва оби наҳр месӯхт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё