ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Бибисоҷида барои худаш даъвойи фуқаропарварии шавҳарашро як кори беҳуда медонист, ки «ба ҷонашон ҷабр карданд. Кайфу сафойи дунёро надида рафтанд». «Ба шаҳри кӯрон равӣ, кӯр шав», ба он кас маъқул набуд. «То тавонӣ, кӯронро бино бикун», мегуфтанд. Вале барои се канизаки маҳрамтарин, ки тагу бисоташро медонистанд ва дар корҳойи паси пардааш шарикдаст буданд, алҳол бо таъсири чилим, ва роҳати ҳаммом, чизи дигар гуфт. Вай яктаки нафисе дар бар, ёнбош, аз чилим дароз–дароз қулоб мекашид ва хаёлаш ба куҷоҳое мерафт, ки гуфт:
– Дар ин дунёи дурӯза раги ҳамоқати аҳмақонро ёфта, серу пур зиндагӣ карда гард. Мансабдору бемансаби Бухоро, ҳамаашон ҳамин хел зиндагӣ карда гаштаанд.
Фақат Амакмуллотон чунин хислат надоштанд. Ҳар рӯз дар атрофашон ҳаминхелаҳоро медиданд, лекин худашон ҳамон хел зиндагӣ карданро ёд нагирифтанд. Сарашонро бо корд бурида аз тан ҷудо карданд, боз панд нашуд. Боз аз ҳамон феълашон нагаштанд. Дар замин, ки муродашон ҳосил нашуд, ба осмон рафтанд. Аз осмон мадад пурсиданд. Акнун ҳамроҳи Фариштаи ободӣ саёҳат карда гаштен.
Фариштаи ободӣ ҳам аз кайҳо мондагӣ?! Тамоман афсурдаву абгор шудааст. Роҳ гашта наметавонад, чашмонаш хира, қариб ки тира. Амакмуллотон пуштора карда гаштаанд. Ба уммеде, ки барои ободии Бухоро ягон ёрӣ расонад, аз шаҳр ба шаҳр мегардонанд. Ҳамаи нозу нузашро мебардоранд. Нозу нузи вай ҳам бисёр. Сараш дард кунад, дору ёфтан даркор. Пояш дард кунад, молидан даркор… Мегӯяд, ки «дер боз рӯи заминро надидаам, ба он ҷо бар, ба ин ҷо бар». Амакмуллотон бурда истодаанд.
Аз болойи ҳар мулке гузаранд, мепурсад, ки «ин куҷост?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё