Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар идораи маҷаллаи «Ойна» аз ҳамин бобат сӯҳбат мекарданд ва муассиси маҷалла, қатори дигарон, Рӯзимуродро ҳам даъват карда буд, ки рӯзгори мулки Бухороро хуб медонад, ва саводи хуб дорад, ва ба муқобили Амир ҷангҳо кардааст, ва дар сӯҳбати равшанфикрон бисёр нишастаасту ҳамкорӣ кардааст, ва кору бори Губернаторро дидаасту медонад, ва ҳаёти Бухороро бо ҳаёти Самарқанд рӯбарӯ монда таҳлил карда метавонад, ва навишта метавонад, ки ба ин ё он дарди мардум мехӯрад, ва обрӯйи маҷалларо мебардорад. Рӯзимурод мақолаи навашро хонд. Сифати мактаби нав буд мақола, ва ҳозирон иншояшро писандиданд, ва худи ӯ, ба унвони далел писараш Азизмуродро мисол овард, ки «чор сол дар мактаби русию маҳаллӣ хонд, ду сол дар чопхонаи урусҳо кор кард, се сол дар рӯзномаи «Самарқанд» хабарнавису тарҷумон буд, алҳол як солу се моҳ мешавад, ки Губернатор ба худаш тарҷумон карда гирифтааст; ва ҳамаи ин солҳо ҳар китобе, ки ба дасташ афтад, мехонад, касе эрод намегирад, манъ намекунад, ҷазо намедиҳад. Ҳамаи ин солҳо ҳар моҳ музди корашро медиҳанд.
Доим. Ягон бор ақиб напартофтаанд. Ягон бор фиреб надодаанд».
– Шумо дар коратон аз инҳо ибрат гиред, – ба муассиси маҷалла тавсия дод Рӯзимурод. – Мардуми дигар хел ин мардум. Мо барин не. Корашон ҳам дигару фикрашон ҳам дигар. Ғосибанд, вале ғосибии инҳо, аз соҳибии амирони худамон, сад бор беҳтар.
Ва беҳтар будани кори инҳо аз кори онҳо, дар ҳар сари қадам, ба назар мерасид, ва фикри хобро бедор мекард, ва чашми пӯшидаро мекушод; ва олимон дилгарм мешуданд ба нияте, ки доранд, ва ҳатто омиён, дар хона бо аёлашон ва дар берун, дар остонаи меҳмонхона, дар айвони масҷид ва ҳангоми лойхобонию ҷӯйканӣ, ба ҳамнишастҳо, ба ҳамкорҳо, як навъ бо ҳайрат ва дар айни замон бо умед, сӯҳбат мекарданд, ки: «Мо бехабар будаем аз корҳои ҷаҳон.

пешина
аз 435
навбатӣ