ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар рӯйи олам аҷаб корҳое будааст. Ҳатто давлатдорӣ фақат ғорат кардан набудааст. Фақат аз раъия зада гирифтан набудааст. Буду шуди мардумро бурда кӯшку қасри амиру вазирро обод кардан набудааст. Дар умрамон акнун дидем, ки ин хел набудааст. Давлатдорон, чунон ки дар мулки мо ҳаст, фақат вайрон намекунанд.
Обод карда ҳам метавонистаанд. Иморат месохтаанд. Роҳ месохтаанд. Мактаб мекушодаанд. Арзи бечораву дармондаро мепурсидаанд… Одами надида бовар намекунад, лекин ҳамин хел корҳоро мо бо чашми худамон дидем».
Ба чашмашон ки медиданд, бо ақлашон бовар мекарданд, ва адолати Императори Вся Русия ҳамоқати амирон ва хонҳои Осиёи Васатро зина ба зина пахшу танг мекард – ҷабрдида арзашро қозихона намебурд, вай ба қозиву қозиюлқузот бовар надошт, ва дод назди маъмурони рус мебурд; ва дар Бухоро шахсеро таъқиб бикунанд, гурехта ба Самарқанд меомад, табааи рус мешуд, ва аз ҷазо раҳойӣ меёфт, агарчи ҳукми қатл гирифта бошад. Ва арбобони деҳаҳо ва ҳокимони тумонҳо, ва мирони дараҳо, орзу доштанд, ки дар паноҳи генерал–губернатор бошанд, ва аз байни онҳо баъзеяшон ихтиёрӣ ба итоати ӯ меомаданд ва бино ба таомули худашон, ба вай пешкашу дастовезҳо меоварданд. Ва ҳокими Ҷом як асп бо зину лаҷом ва як хӯрҷин зару зевар гирифту омад ба саломи губернатор, ва як шабу як рӯз дар хонаи ӯ меҳмон шуд, ва ҳангоми баргаштан, аз садоқат даҳон кушод:
– Аз худатон гап намемонад, мо дар мулке зиндагӣ мекунем, ки падар надорад. Акнун падар ёфтем. Падари мо Оқподшоҳ ҳастанд. Пушту паноҳи мо ҳамин кас. Мо дар қарзи фарзандӣ, фурӯгузорӣ нахоҳем кард.
Губернатор ба қади вай ҷома пӯшонд, ва тапонча ҳадия дод; ва беки Ургут ин рафтори ӯро шунида, айб карду эрод гирифт:
– Иззати нафс надорад. Шарманда кард ҳамаи моро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё