Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар байни онҳо ду ҷавони миёнақади либосҳои маданӣ пӯшида ҳам буданд. Комиссар Калонзода ба назди минбар баромада, нутқи кӯтоҳе эрод кард:
– Мо бо шумо дар ин ҷо барои он ҷамъ омадем, ки дар арафаи ба майдони ҷанги муқаддас по ниҳодани худ боз як бори дигар ба халқу кишварамон, ки ба мо умедҳои калон бастаанд, аз садоқату вафодории худ савганд ёд кунем. Ин савганди мо дар мактубе, ки шоиронамон аз номи мо ба халқи тоҷик, ба Ватан навиштаанд, ифода ёфтааст.
Баъд аз пешниҳоди комиссар, ба минбар як ҷавони миёнақаде, ки либоси замонавӣ пӯшида буд, баромад.
Вай ба назди минбар омада, аввало сафи ҷанговаронро, ки ҳама ҳушёрона ва бо диққати том ба ӯ чашм медӯхтанд, аз назар гузаронд. Симои ҷиддӣ, чашмони оташбор ва исту намуди якранги низомии онҳо шоирро ҳам ба ҳаяҷон меоварданд. Вай дар ин ҳол қиёфаи ғайриҳарбии худро фаромӯш карда, худашро ҳам яке аз ҳамин аскарҳо ҳис мекард. Дар хониши ӯ низ оҳанги қатъиву буррои фармондеҳӣ акс меёфт. Вақте ки мавҷҳои садои шеърхонии шоир ба майдон паҳн гаштанд, атрофро боз ҳам зиёдтар хомӯшӣ фаро гирифт.
Эй Ватан, ба ту мо вафо кунем,
Хизмати туро хуб адо кунем.
Гар талаб кунӣ ҷон, фидо кунем,
Аз хатар туро мо раҳо кунем.
Дар мубориза қаҳрамон шавем,
Зидди душманон беамон шавем.
То ризо шавад ин Вватан зи мо
Ифтихори халқ дар ҷаҳон шавем.
Сатрҳои охирини ин мактубро бо «урра»-и ҷарангосии ҳамаи ҳозирон фаро гирифт. Ҷанговарон мактубро
бо як овоз ва ифтихормандии калон қабул карданд, ба
вай аз номи ҷанговарони ҳар як ноҳия ҷумҳурӣ як
намоянда имзо мегузошт. Дар қатори дигарон дар зери
ҳамин мактуб аз номи ҳисориён Сафар Одинаев ҳам
имзо гузошта, баъд ба рафиқони ҳамяроқаш муроҷиат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё