Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
карда гуфт:
– Ҳамватанон, ин мактуб қасами дуюми тантанавии мо шуд. Бигузор,Ж тирҳои ҷонгудози мо, ки синаи душманро чок мекунанд, тасдиқ ба ин қасам чӣ гуна вафодор будани мо гарданд.
Субҳи барвақт… Домани сиёҳи шаб номаълум ба сӯи ғарб кашида шуда, аз шарқ, аз паси кӯҳу теппаҳо оҳиста-оҳиста рӯшноӣ медамиду шабнаме, ки ба рӯи замин ва баргҳои сабзи дарахтон рехта буд, торафт аёнтар ялтас мезад…
– Оча, хезед, рӯшноӣ дамидааст, – гӯён Зебӣ Умрихоларо, ки ду-се шаб инҷониб бедорхоб монда аз мондашавӣ акнун ба пинаки ширин рафта буд, оҳиста бедор кард.
Модари Сафар – Умрихола саросема сарашро аз болои халтаи бор бардошта, аз тирезаи чойхонаи сурх бо чашмони хоболуди нимроғаш ба берун нигоҳ кард.
– Вай, очатон садқа, хуб, ки бедор кардед, духтарам.
«Хоб додари марг» мегӯянд, рост, дар ғафлат мондаем.
Омад?
– Не, ҳанӯз наомадаанд. Лекин то омаданашон пештар тайёр шуда истем беҳтар, – ҷавоб дод Зебӣ рӯймоли ғиҷимашро аз нав ба сараш баста.
– Боз монда нарафта бошад?
– Наход гап назада монда раванд. «Баҳузур хоб кунетон, худам омада бедор мекунам» гуфта буданд-ку.
– О, духтарам, магар гап назада монда рафтагиҳо каманд? Хубаш ҳамин ки рафта, дар наздикиҳои ҳамон вагонашон нигоҳ карда меистем. Дидоракаш ғанимат,
– Урмихола ба рафтан тараддуд кард. Зебӣ ба модари пир ғамхорона нигоҳ карда гуфт:
– Очаҷон, дар берун ҳаво хело хунук, шумо одами пир, боз хунук назанад?
– Ҳеҷ воқеа не, меҳри бачекам гарм мекунад…
Умрихола ва Зебӣ аз чойхонаи сурхи вокзали Сталинобод, ки онҳо аз аввали шаб дар он ҷо монда буданд, баромада ба тарафи истгоҳи қатора роҳ гирифтанд. Онҳо ба ҷабҳа рафтани Сафарро фаҳмида, аввал ду шабу ду рӯз дар пеши дарвозаи қисми ҳарбӣ мунтазири гуселонидани Сафар шуданд, баъд охир шаби гузашта ҷанговарон ба вокзал баромаданд, ки Умрихола ва Зебӣ низ аз паси онҳо ба вокзал омаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё