Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар истгоҳи ҷузвитогмҳои ба ҷабҳараванда аз аввали шаб чизу чора ва лавозимоти ҳарбии худро ба вагонҳо бор карда, вагонҳоро ба тартиб меоварданд. Ин корҳо то субҳ давом кард. Сафар модари худ ва Зебиро барои дам гирифта нишастан ба чойхонаи сурхи наздикии истгоҳ оварда монда буд.
Вақте ки Умрихола ва Зебӣ ба пеши қатори вагонҳои сурх ва гурӯҳ-гурӯҳ аскарбачаҳо наздик шуданд, як посбони милтиқдор онҳоро дигар пеш омаданӣ намонда, дар ҷояшон нигоҳ дошт.
– Дигар пеш омадан мумкин нест, – таъкид кард посбон ба забони тоҷикӣ.
– Очат садқа, ман модари Сафар, – гуфт Умрихола.
– Ба ман кӣ будани шумо аҳамият надорад, – ба таври қатъӣ ҷавоб дод посбон.
– Охир вай командир, серҷон-ку, чӣ хел намешиносӣ? – боз гапи худро маъқул кунонданӣ шуд Умрихола. Зебӣ аз гапи Умрихола завқида оҳиста хандиду эзоҳ дод:
– Серҷон не оча, сержант Сафар Одинаев гӯед.
– Хайр, кадомаш, ки бошад, коре карда, амали писарам аз ин бачаи якрав калонтар аст, ки хурд не, – калонгирона гап зад боз Умрихола. Ба болои ин мубоҳисаи онҳо худи Сафар омада монд.
– Хӯш, чӣ моҷаро?
– Ана, худи муаллим омаданд, – гуфт Зебӣ ва ба Сафар салом дод.
– Дардакат ба ҷони оча, – гӯён Умрихола писарашро ба оғӯш кашида бӯсид. – Охир ту серҷон, командир бошию наход ин аскарбача нашиносад?
– Ба шинохтан мешиносаду лекин қоидаи посбонӣ ҳамин хел аст. Посбон, ҳатто падари худаш ояд ҳам, наздик намемонад, – ҷавоб дод Сафар ҳамроҳи модараш ва Зебӣ ба сӯи майдончаи дарахтзор, ки дар як сӯи истгоҳ буд, рафта.
– Аз ин баромад, ки, – каме ранҷида гап зад Умрихола, – ҳамин, ки фарзанд ба аскарӣ рафт, ба вай на ҳадди модар мемонад ва на ҳадди падар, ҳамин тавр?

пешина
аз 333
навбатӣ