Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сафар кордро аз дасти Юнусбобо гирифту оҳиста ба лабаш бурда, дасти ӯро бӯсид ва «Раҳмат, бобо, раҳмат» гуфта, баргашта Юнусбоборо ба оғӯш кашид.
Баъд Сафар аз дастаи талабагони худ гулдастаҳоро қабул карда, бо ҳар кадоми онҳо меҳрубонона хайрухуш карду аз ҳама охир дасти ба сӯи ӯ дарозшудаи Зебиро бо ду дасташ маҳкам дошта, дере аз чашмони ашколуди вай чашм наканда:
– Хайр, то дидан, азизам Зебӣ, – гуфт.
– Ҳамеша дар дида ҳастед, муаллим. Дур равед ҳам, дер намонед... – ҷавоб гардонд Зебӣ.
Сафар бо душворӣ дасти ӯро сар дод ва такроран бо ҳама хайрухуш карда, ба сӯи вагон давид. Аз ақиби вай Мирбадал ҳамроҳи Мамараҷаб қадам монда, ҳам ба Сафар ва ҳам ба Мамараҷаб муроҷиат карда мегуфт:
– Аз якдигар ҷудо нашавед, ба якдигар ҳомӣ бошед, хату хабаратон канда нашавад, худатонро эҳтиёт кунед.
Паровоз пеш аз ҳаракат, охирин бонги худро сар дод.
...Чархҳои вагонҳо ба ҳаракат даромаданд. Баробари вагонҳо мардуми ҷамъомада ҳам ба пеш ҳаракат мекарданд. Дар байни онҳо модари Сафар, аз паси вай Зебӣ ва дигарон ҳам аз пеши дари вагон дур нашуда, дасти Сафарро мефишурданд. Садҳо даст ба ҳаво бардошта шуда, афшонда мешуданд.
Сафар ва шарикони вай аз пеши дари вагон истода, баъзеҳо телпак, баъзеҳо рӯймолча, баъзеҳо дасти холии худро баланд бардошта, «Хайр...хайр...хайр» гӯён овоз мебароварданд. Дар охирин дақиқаҳои аз саҳни вокзал дуршавии вагонҳо модари Сафар ва аз паҳлӯи рости ӯ Зебӣ боз пештар давида, Сафарро бо нигоҳҳои пурмеҳри чашмони гиряолуд худ гусел мекарданд. Сафар ҳам аз онҳо чашм наканда, як дастаи гулҳои ба синааш зер кардаро ба сӯи онҳо ҳаво дод. Дастаи гул дар ҳаво паҳну парешон шуда баъд ба сар ва нӯги пои Умрихола ва Зебӣ омада афтод...
Поезд торафт аз чашм дур гашта, ба паси дарахтони сабзранг ғоиб гашт. Аз роҳи оҳан бошад, якзайл тик – так, тик – так овози чархҳо ба гӯш расида, гӯё бо тапиши дили мардуми гуселкунанда ҷӯр мегашт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё