Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОБИ ДУВОЗДАҲУМ

Эшелони ҳарбӣ, ки дувоздаҳ рӯз пеш аз ин аз Сталинобод баромада буд, дар шаби сездаҳум ба хати ҷабҳа расид.
Ҷанговарон ба як нимстансияи бекасу нимхароба, ки дар торикӣ хеле ваҳмангез менамуд, аз вагонҳо фуромаданд. Пас аз он ки паровоз вагонҳои холиро баргашта аз истгоҳи қатора гирифта бурд, истгоҳ бадтар аз аввала харобазор намуд. Аскарбачаҳо ба чор тараф ҳаросон нигоҳ карда, ягон хонаи чароғдор, ё ягон сиёҳии одамро меҷустанд. Ба болои ин шамоли хунук, ки аз тарафи шимол мевазид, гуп-гупи гоҳ паст ва гоҳ баланди тӯппарониҳоро ба гӯш оварда мерасонд.
– Немисҳо дар кадом тараф бошанд? – пурсид Нозири камаровӣ, ки дар паҳлӯи Сафар рӯяшро аз шаббода гардонда меистод.
– Мегӯянд, ки дар ҳамин тараф, – ҷавоб дод Сафар ба тарафи шимол ишора карда.
– Набошад ин боди хунук ҳам азони ҳамонҳо гӯед, – гуфт Нозир ва боз илова кард, – чуноне, ки кӯҳистониҳо мегӯянд, «каси бадро нафаси бад» ҳамин аст...
Дар ин дам фармондеҳи взвод – лейтенанти хурд Харитонов Сафарро ҷеғ зад. Сафар ба назди вай давида рафт.
– Шумо муваққатан ба ҷои ман мемонед, то ба қисми таъйиншуда расиданамон ҳамаи ҷавобгарии взвод ба зиммаи шумо. Фармони лейтенант Осмухин ҳамин аст.
– Итоат, рафиқ лейтенанти хурд, – ҷавоб дод Сафар.
– Ман дар ҷои Осмухин мемонам, – гуфт Харитонов, – Осмухин ҳозир бо вакили қисми навамон меравад.
Лейтенант Осмухин бо вакили дивизияе, ки ҷанговарони тоҷик ба ихтиёри он омада буданд, ба мошин савор шуда ба штаб рафт. Аз мобайн як-якуним соат нагузашта ҷанговарон ҳам бо сардории Харитонов ба роҳ даромаданд.

пешина
аз 333
навбатӣ